Аз зиндони №3/3 шаҳри Хуҷанд як зиндонӣ фирор кардааст. Дар бораи шахсияти фирори ин маҳбус, ки зодаи шаҳри Исфара будааст, маълумоте дода нашудааст, аммо бино ба маълумоти расонаҳои маҳаллӣ ҳодиса баъди зӯҳри 24 ноябр иттифоқ афтодааст.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ аз маҳбас мегурезад.
Дар панҷ моҳи охир ин ҳодисаи дувуми фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд аст. Моҳи июн аз ҳамин маҳбас Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карданд.
Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист, аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.
Рамзуллохон Дадохоновро дар канори Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карданд.
Соли 2010, 25 маҳбуси муттаҳам бо ҷиноятҳои вазнин аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буданд ва боздошти фирориён ба як фазои низомӣ дар водии Рашт табдил шуда наздик ба шаш моҳ задухурд давом кард. Аз паи фирори ин 25 нафар маҳбус раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва аксарияти муовинонаш ба истеъфо рафтанд. Баъзе ҳолдонҳо фирори ин 25 нафар маҳбусро кори дасти Саймумин Ятимов, раиси феълии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тахмин зада буданд.