Раисҷумҳури Тоҷикистон фардо бо кормандони тиб вохӯрӣ анҷом медиҳад. Қарор аст дидори Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони тиб дар Кохи Борбад баргузор шавад ва соати 8 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Дар нусхаи даъватномае, ки ба дасти Паём расид гуфта шудааст, ки табибон бояд шиноснома бо худ дошта бошанд ва то соати 7.00 вориди толор шаванд. Даъватнома аз номи Дастгоҳи раисҷумҳур фиристода шудааст.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, аз ҳамаи онҳое, ки ба вохӯрӣ даъват шудаанд, ташхиси вируси COVID-19 гирифта шуда, даъватномаи онҳое, ки ташхисашон мусбат баромада, лағв шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле табибонро ба вохӯрӣ ба раисҷумҳур даъват мекунанд, ки бештари онҳо аз 1 то 3 моҳонаи худро дарёфт накардаанд.
Ҳамчунин иловапулие, ки раисҷумҳур барои се моҳ ба табибон ваъда кард, ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

