Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоАз соли 2017 сабти нақши ангуштон барои меҳмонони хоки Руссия ҳатмӣ мегардад

Аз соли 2017 сабти нақши ангуштон барои меҳмонони хоки Руссия ҳатмӣ мегардад

Сар аз соли 2017 раванди доктилоскопӣ ё сабти нақши ангуштон барои меҳмонони хоки Руссия ҳатмӣ мегардад

Руссия тасмим гирифтааст, ки сар аз соли 2017 барои ҳамаи нафароне, ки ба хоки ин кишвар дохил мегарданд, амалиёти дактилоскопӣ ё сабти нақши ангуштонро ҷорӣ намояд.

Дар ин робита оҷонсии иттилоотии ТАСС дар такя ба Александр Горовой, муовини аввали вазири умури дохилаи Руссия хабар додааст. Горовой гуфтааст, ки “мо бояд ин амалиётро дар фазои оромона пиёда созем”
Таъкид мешавад, ки аз ин пеш Елена Сутормина, сардори комиссия Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Руссия дар робита ба рушди дипломатияи ҷомеавӣ ва кӯмак ба ҳамватанони хориҷи кишвар аз вазири ВУД Владимир Колоколтсов дархост намуда буд, ки дар қиболи шаҳрвандони Амрико ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба Руссия меоянд, ҳатман амалиёти дактилоскопиро гузаронад.

Сутормина гуфта буд, ки ин кор барои гирифтани пеши роҳи терроризми байналмиллалӣ чораҳои иловагӣ хоҳад гашт.


Дар ҳамин ҳол Вазорати маорифи Руссия низ тобистони соли ҷорӣ эълон дошта буд, ки аз муҳоҷирони корӣ, ки ба Руссия омадаву барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ аз таърихи ин кишвару қонунҳои ҷории он ҳатман аз имтиҳон мегузаранд, амалиёти доктилоскопиро ҷорӣ мекунад. Вазорати мазкур ин амалиётро барои пешгирии тақаллубкорӣ дар ин соҳа роҳандозӣ кардан мехост.

Гуфта мешавад, ки ба ҷои муҳоҷири корӣ ба имтиҳони забони рӯсӣ бар ивази ришва нафарони дигар медароянд. Вазорати маориф итминон дорад, ки  раванди доктилоскопӣ метавонад пеши роҳи ин амали номатлубро бигирад ва фасодзадагиро дар соҳаи мазкур ҷилавгирӣ намояд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?