Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТалаби озодии зиндониёни сиёсӣ дар Қазоқистон

Талаби озодии зиндониёни сиёсӣ дар Қазоқистон

Дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон 17 август як гуруҳи сокинон ва фаъолони маданӣ бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуданд.

Маъмурони пулис раванди таҷаммуъро назорат карда, иштирокдоронро акс ва ба навор мегирифтанд. Яке аз иштирокдорон ва сокини Жанаозен Алибек Бопешов рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахши мустақимеро аз рафти таҷаммуъ ба роҳ монд.

Фаъолони мадании қазоқ дар даст шиори «Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ!» ва акси шоиру дигарандеши зиндонӣ Арон Отабек, фаъоли мадании зиндонӣ аз Атирау ва иштирокчии тазоҳуроти соли 2016 зидди ислоҳоти замин дар Қазоқистон Макс Боқиевро доштанд.

Эътирозгарон аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев талаб карданд, ки маҳбусони сиёсиро фавран озод кунад.

***

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular