Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРасман: 8131 гирифтор ва 65 ҷонбохта аз коруно

Расман: 8131 гирифтор ва 65 ҷонбохта аз коруно

Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги як нафари дигарро аз коронавируси нав тасдиқ кард. Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то 18-уми август дар умум 65 нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд, вале омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Вазорат рӯзи сешанбе гуфт, дар як шабонарӯзи ахир 32 нафар бемор шудаанд ва омори умумии гирифторони коронавирус ба 8131 нафар расид.

Ба иттилои намояндагони давлат, 6935 нафар ё беш аз 85 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Пизишкон мегӯянд, ҳоло 73 гумонбар ба бемории ҳамагир зери назоратанд.

Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. Ҳоло дар кишвар доштани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ шудааст ва таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо бо риояи фосилаи ҷисмонӣ ва доштани маҳлули беҳдоштиву ниқоб иҷозат аст

Ҳарчанд дар як ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бемор шудан ва фавти пайиҳами чанде аз сокинон дар баъзе аз минтақаҳо хабар медиҳанд, мақомот расман дар ин бора ҳарф намезананд.

Танҳо моҳи июл дар маҷлисҳои Ситоди муқобила бо коронавирус дар Суғд хабари афзоиши беморони коронавирус ва илтиҳоби шуш дар минтақа садо дод, вале ҷузъиёте дода нашуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular