Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоБоз қазияи фурӯдгоҳи Жуковский: вазири нақлиёт мехост аз манофеъи миллӣ дифоъ кунад...

Боз қазияи фурӯдгоҳи Жуковский: вазири нақлиёт мехост аз манофеъи миллӣ дифоъ кунад ё аз манофеъи як гурӯҳ?

Ширкати ҳавопаймоии “Ямал”  иттило додааст, ки сар аз моҳи оянда, яъне декабри соли 2016 аз фурӯдгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбеву Хуҷанд парвоз хоҳад кард.

Василий Крюк, раҳбари кулли ин ширкат ба оҷонсии гуфтааст ин ширкат алллакай тамоми иҷозатномаҳоро дарёфт кардааст ва қасди парвозҳоро ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон аз фурӯдгоҳи чанде қабл баҳсбарангези Жуковский оғоз кунад.

Аввали моҳи ҷорӣ байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия баҳсе дар мавриди парвозҳо аз “Жуковский” ба Душанбеву Хуҷанд сар зада буд. Мақомоти Тоҷикистон ба ширкати русии “Уралские авиалинии” иҷозаи парвоз аз ин фурӯдгоҳ ба Тоҷикистонро надоданд. Даъвои тарафи Тоҷикистон ин буд, ки ин фурӯдгоҳ ба доираи фурӯдгоҳҳои Маскав дохил мешавад ва тибқи шартномаи байни Тоҷикистону Русия ширкатҳои русӣ ҳаққи парвоз аз ин фурӯдгоҳ ба Тоҷикистонро надоранд. Дар ҷавоб мақомоти рус парвози ширкатҳои Тоҷикистон ба Русияро куллан манъ карданд. Қабл аз гуфтушунид вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода гуфта буд, ҳайати Тоҷикистон аз манофеъи миллӣ дифоъ хоҳанд кард. Баъдан эълон кард, ҳар ду тараф ба ифоқа расидаанд, ки парвозҳо аз тарафи ширкатҳои ҳарду кишвар, яъне дар шакли “паритет” иҷро хоҳанд шуд.

Аммо инак раҳбари ширкати ҳавопаймоии “Ямал” эълон мекунад ин ширкат ҳам аз “Жуковский” ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом хоҳад дод. Пас “паритет” чӣ шудааст, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол ҷолибтарин нуқтаи ин масъала дар идомаи сухани Василий Крюк омадааст. Ӯ гуфтааст

“Дар масъалаи парвозҳо ба хориҷаи наздик масъала оддӣ нест. Масалан Тоҷикистон парвозҳои навро рад мекард, аммо тибқи одати шарқӣ амал мекард: фурӯши қисме аз чиптаҳоро бо фишори мақомот мехостанд ба ширкати муайяне махсус гардонанд. Як қолаби тамаъҷӯии пинҳонӣ шакл гирифтааст, Росавиатсия дахолат кард”

Пас маълум мешавад манфиъатҳои миллӣ гуфта, Шералӣ Ганҷалзода манофеъи гурӯҳи муайянеро дар назар дошт? Яъне на манфиъати миллиро дифоъ кард ва ҳатто манфиъати ҳамон гурӯҳро натавонист ҳимоя кунад?  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?