Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДавлати Тоҷикистон маҷбур ба сарфакорӣ шудааст

Давлати Тоҷикистон маҷбур ба сарфакорӣ шудааст

Бӯҳрони иқтисодӣ буҷаи кишварро гирифтори мушкил ва давлати Тоҷикистонро водор ба сарфакорӣ кардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки  хароҷоти давлатиро коҳиш медиҳад. Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон 11 миллиарду 880 миллиону 700 ҳазор сомонӣ 95,1 фоизи нақшаи таҳриршударо ташкил дод.

Норасоии буҷаи давлатӣ дар Вазорати молия, пеш аз ҳама, бо кам шудани ҳаҷми воридоти андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва аксизҳо вобаста аст. 75 дар сади даромади умумии буҷаи давлатии Тоҷикистонро даромад аз андоз ташкил медиҳад.

Вазорати молия вобаста ба ин мехоҳад баъзе хароҷотро аз ҷумла ба хариди мошинҳо, таҷҳизот, сӯзишворӣ, таъмири асосӣ, сохтмони иншооти гуногун ва ғайра коҳиш диҳад.

Бино ба маълумоти додаи Вазорати молия дар шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо бо коҳиш додани хароҷоти сохтмон 789 миллион сомонӣ сарфа шудааст.

Гуфтанист, дар оғози паҳншавии пандемии вируси коруно коршиносони умури иқтисодӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки аз масрафу хароҷот ба таҷлили ҷашнҳои бошукуҳ, сохтмони иншоотҳои аҳамияташон дуюму сеюмдараҷа даст кашида,  ин маблағҳоро дар пешгирии буҳрони коронавирусӣ сарф кунад.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди коршиносонро сарфи назар карда, маблағҳои ҳангуфти буҷаро барои таҷлили ҷашни Наврӯз ва сохтмони чандин иншоотҳои аҳамияташон начандон муҳим сарф кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular