Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоБастани масҷиди расмӣ ва ҷаримаи кулли намозгузорон дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бастани масҷиди расмӣ ва ҷаримаи кулли намозгузорон дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Навбаҳор масҷидеро, ки дорои тамоми ҳуҷҷатҳоро буда пурра бо пули мардум сохта шудааст, ба шӯъбаи Хонаи маданият табдил додаанд.

Баҳона барои бастани масҷид ин будааст, ки гӯё иҷозаи Кумитаи дини  ноҳияро надоштааст. Дар ҳоле, ки иҷозаи раиси ноҳия, кумитаи замин, меъморӣ ва дигар ниҳодҳои марбутаро доштааст. Бо бастани масҷид иктифо накарда, кулли намозгузорони ин масҷидро 340 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Чанд рӯз кулли намозгузорони ин масҷид ба шӯъбаҳои КДАМ ва ВКХ кашонида шуда, билохира розӣ шудаанд, ки ҷарима пардохт кунанд. Алъон дари ин масҷид баста буда, намозгузорон наметавонанд дар он намоз гузоранд.

Бино ба иттилои як манба тибқи як фармони раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз соли 2014, бояд дар ин ноҳия 145 масҷид баста мешудааст, ки алъон қариб ҳамаи онҳо баста шудаанд ва масҷиде, ки дар акс мебинеду чанд рӯз пеш баста шуд, яке аз он масоҷиди дар рӯйхат ҷойдошта будааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика