Рӯзи 25 август танҳо дар ду беморхонаи шаҳри Хуҷанд 295 нафар бо гумони коронавирус таҳти табобат қарор дошта, шоми 24 август 3 нафар ва субҳи 25 август як бемори дигар аз ин маризӣ ҷон бохтаанд.
Бино ба иттилои сойти «Ахбор», рӯзи 25 август шумораи беморони гумонбар ба коронавирус дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд ба 110 нафар расидааст ва маъмурияти ин беморхона ба сабаби набудани ҷой, қабули дигар беморон, ба истиснои гирифторони коронавирусро муваққатан манъ кардааст. Танҳо дар се рӯзи охир шумори беморони гирифтори коронавирус дар ин беморхона се маротиба афзудааст.
Ҳамин тавр, ба иттилоъи манбаъ, шумори беморони гирифтори коронавирус дар беморхонаи клиникии вилояти Суғд рӯзи 25 август ба 185 нафар расид.
Танҳо дар се рӯзи охир шумори беморони гирифтори коронавирус дар ин ду беморхона 90 нафар афзудааст. Рӯзи шанбе шумори чунин беморон дар ин ду муассиса 205 нафар буд.
Дар беморхонаи вилоятии Суғд шуъбаеро барои занони ҳомилаи гирифтори КОВИД-19 ҷудо кардаанд. Дар ин ҷо 6 зани ҳомила бо вируси корона таҳти табобат қарор дошта, ду нафари онҳо алакай таваллуд кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

