Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСомон Эйр мегӯяд қимати билетҳоро поин бурдааст

Сомон Эйр мегӯяд қимати билетҳоро поин бурдааст

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нархи билетҳоро ба 11 парвози чартерӣ, ки ба онҳо аз ду тараф мусофир гирифта мешавад, поин бурд. Чорто аз ин парвозҳо аллакай иҷро шудааст.

Маълумот дар ин хусусро дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ дар саҳифаи худ дар Facebook ба нашр расонид.

“Қаблан зимни гирифтани мусофирон аз як самт, нархи билет ба парвозҳои чартерӣ, ки арзиши аслиашон 40% гаронтар аз билети муқаррарӣ аст, барои шаҳрвандони Тоҷикистон 395 евроро ташкил медод. Айни замон бо гирифтани мусофирон аз ду самт арзиши биелт то 300 евро кам карда шуд”, — қайд мешавад дар маълумоти ширкат.

Гуфта мешавад, дар парвозҳо бо хатсайри Санкт-Петербург — Душанбе 23 август, инчунин парвозҳо аз Маскав, Сургут ва Санкт-Петербург рӯзи 25 август мусофирон бо ҳамин нарх билет харидаанд.

Дафтари матбуоти ширкат қайд мекунад, ки боз дар 7 хатсайр бо мусофирон аз ду самт, ки то 31 август анҷом дода мешаванд, билетҳо бо нархи зикршуда фурӯхта мешаванд, лекин рӯзҳои парвоз саҳеҳ зикр намешавад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» низ ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон оғоз мекунад.

“Шурӯъ аз имрӯз фурӯши билет ба ин парвозҳо оғоз гардида, то охири моҳи август ин ширкат 9 парвози чартерии дуҷониба анҷом медиҳад”.

Ёдрас мекунем, ки барои соҳиби билет шудан ба ин парвозҳои чартерӣ шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сироятёбӣ аз коронавирус дошта бошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular