Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДар Рӯдакиву Ваҳдат мардум саросар ҷарима мешаванд

Дар Рӯдакиву Ваҳдат мардум саросар ҷарима мешаванд

Тибқи иттилои чанд хонандаи мо дар бархе аз деҳаҳои навоҳии Ваҳдат ва Рӯдакӣ гурӯҳҳое мураттаб аз кормандони КДАМ, ВКД, Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра хона ба хона мегарданд ва аксари сокинонро ҷарима мебанданд.

Баҳона барои ҷаримабандӣ тибқи иттилои хонандагон чароғакҳои сермасраф, гармкунаки барқӣ, риш, сатр, ба мактаб нарафтани хонандагон ва ғайра аст. Ҳаҷми ҷарима аз 200 то 700 сомонӣ ва бештар ҳудуди 300-400 сомонӣ аст. Як шаҳрванд барои он ҷарима шудааст, ки духтараш сатр бар сар доштааст ва ба гуфтаи як масъули бахши дин ва танзими расму ойин ин кор итоат накардан ба талаби қонунии “Пешвои миллат” будааст.

Қаблан Паём.нет ҳушдор дода буд, ки баъди қабули қонун дар бораи итоат накардани “Пешвои миллат” дилхоҳ шаҳрванд бо дилхоҳ баҳона метавонад ҷарима шавад.

Н. Давлатов

Яке аз фаъолтарин муборизон алайҳи сатру ришу ҳиҷоб, ки дар ҳайати “гурӯҳи сайёр” шомил аст ва шахсан дар бастани чандин масҷид, ҷарима шудани намозгузорон, ришдорон ва сатрпӯшон шахсан даст дорад,  масъули бахши дин ва танзими расму ойини ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатов аст.

Хабари хона ба хона гаштани мақомот ва ҷаримабандии саросарии мардумро рӯзи саввум аст, ки хонандагон ба мо менависанд. Ба назар мерасад иҷро нашудани нақшаи буҷаи давлатӣ мақомотро водор кардааст онро аз ҳисоби мардум пур кунанд.

Тибқи иттилои як манбаи мо аз Кумитаи андоз, дар моҳи сентябр аллакай беш аз 70 дарсади соҳибкорон андозҳоро то охири сол супорида буданд.

Бо вуҷуди ин ва қарзҳои зиёди расмиву ғайрирасмии хориҷӣ, иҷрои нақшаи буҷа дар се чормоҳаи аввал иҷро нашуд ва дар чормоҳаи охир ба мушкили бузург мувоҷеҳ шудааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика