Мақомоти зиндони №1-и шаҳри Душанбе аз фишори нав ва қаблан диданашуда алайҳи Бузаргмеҳр Ёров, вакили шинохтаи зиндонӣ кор мегиранд. Ба зиндониён ҳарф задан ва тамоми муомилоти дигар бо Ёровро манъ кардаанд.
Дар ин бора бародари ӯ, вакили паноҳанда дар Аврупо Ҷамшед Ёров хабар дод. Ба гуфтаи ӯ ҳар як зиндонӣ аз ҷониби раёсати зиндон огоҳӣ гирифтааст, ки дар сурати ҳарф задан бо Бузургмеҳр Ёров, ё додугирифте ва ҳатто салом кардан бо ӯ, дар боздоштгоҳи муҷозотӣ (ШИЗО) ҳабс хоҳанд шуд.
Сабаби муҷозоти нави Бузургмеҳр Ёров бо ин усул маълум нест. Ҷамшед Ёров мегӯяд ин як шиканҷаи равонӣ аст, ки шояд таъсираш аз шиканҷаҳои ҷисмонӣ вахимтар бошад.
Қаблан аз истифодаи чунин намуди фишор хабаре нашудааст. Он комилан нав буда, шояд бори аввал истифода мешавад. Ҷамшед Ёров ҳам, ки чанд сол ба ҳайси вакили дифоъ фаъолият кардааст, ба Паём гуфт, ки қаблан дар бораи истифодаи ин навъи фишор бар зиндониён нашунила буд.
Бузургмеҳр Ёров дар зиндони низомаш умумӣ нигаҳдорӣ мешавад ва тибқи гуфтаи бародараш ҳар рӯз бо садҳо нафар рӯбарӯ мешавад.
Ин вакили шинохтаи тоҷик аз зиндониёни сиёсист, ки Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милал низ парвандаи ӯро сиёсӣ эътироф карда, озодсозии бидуни қайду шарташро талаб кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

