Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Петербург ба кушодани «Маркази тоҷикон»мухолифат карданд

Дар Петербург ба кушодани «Маркази тоҷикон»мухолифат карданд

Мақомоти интизомии Санкт-Петербург монеи кушодани намояндагии созмони «Маркази тоҷикон» ва мулоқоти ҳомиёни ҳуқуқ бо даҳҳо муҳоҷир дар ин шаҳр шудаанд. Онҳо сабаби тасмимро ба чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав рабт додаанд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, рӯзи 29-уми август гуфт, қаблан иҷозаи баргузор кардани мулоқотро дар як майдони варзишӣ аз мақомоти расмии Санкт-Петербург гирифта буданд.

«Як ҳафта пеш ҳудуди 1000 меҳмон, ки аслан муҳоҷирони корӣ буданд, даъват шуданд. Ният доштем, ҳангоми кушодани намояндагии «Маркази тоҷикон» ба суолҳои муҳоҷирон дар бораи иқомат, патент, иҷозаи кор ва масъалаҳои дигари будубош дар Русия посух диҳем», — илова кард ӯ.

Иззат Амон мегӯяд, мақомоти интизомии Санкт-Петербург муомилаи хуб доштанд ва онҳо низ талаби маъмуронро иҷро карданд, вале нигарониаш аз он аст, ки тарафи дигаре дар ин қазия дахил аст.

Созмони «Маркази тоҷикон» дар Маскав фаъол аст ва ба муҳоҷирон ёрии ҳуқуқиву молиявӣ мерасонад. Дар замони буҳрони коронавирус маъсулони марказ чандин навори тақсими маводи ғизоиро ба муҳоҷирон расонаӣ карда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular