Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶойивазкунии навбатии ҷамъшавандаҳо дар ҳукумат

Ҷойивазкунии навбатии ҷамъшавандаҳо дар ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 31 август ҷойивазкунии кадрҳоро идома дод. Ӯ бо фармонҳои худ Азим Иброҳим, ҷонишини сарвазаири кишварро «ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақомаш барканор кард. Ҳамчунин вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзодаро «ба сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаҳояшон озод кард. 

Азим Иброҳим билофосила ба мақоми вазири нақлиёт таъйин шуд. Вазири акнун собиқи нақлиёт Худоёр Худоёрзода рӯзи 11 август гӯё даст ба худкушӣ зада дар бемористони «Истиқлол” бистарӣ шуда буд барои ҳамеша аз ҷойивазкунӣ маҳрум шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август ҳамчунин Заробиддин Қосимиро аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ озод ва билофосила ба мақоми сафир дар Миср таъйин кард. Сафири нави Душанбе дар Риёз Акрам Каримӣ таъйин шуд. Ҳамин тавр, Зоҳир Саидзода аз мақоми муовини вазири хориҷа озод ва сафири Тоҷикистон дар Пекин таъйин гардид. Парвиз Давлатзода бо фармони президент «бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Чин озод карда шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular