Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНизомиён ба ҷашни Горди миллӣ омода мешаванд

Низомиён ба ҷашни Горди миллӣ омода мешаванд

Низомиёни Тоҷикистон худро барои баргузории режаи вижаи бисту панҷумин солгарди таъсиси Горди миллии кишвар омода мекунанд.

Ҳудуди 6 ҳазор сарбоз ва афсар барои ин режа фарохон шудаанд.

Қарор аст ин режаи низомӣ рӯзи 4 сентябр таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон, фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шавад.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар режаи имсол истифода накардан аз таҷҳизот ва мошинҳои низомӣ аст.

Горди миллии Тоҷикистон дар сентябри 1995 ташкил шуд, муддате Горди раёсатҷумҳурӣ ном гирифт ва сипас дар январи 2004 ба Горди миллии тағйири ном кард.

Горди миллии Тоҷикистон ташкилоти низомии мустақили муташаккил аз неруҳои вижа аст, ки мустақиман тобеъи раиси ҷумҳурӣ ва фармондеҳи олии неруҳои мусаллаҳи кишвар аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular