Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаъини сафири нав дар Саудӣ

Таъини сафири нав дар Саудӣ

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Акрам Каримиро сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, яке аз кишварҳои калидии олами ислом таъин кард.

Бино ба итттилои  маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Каримӣ Акрам, ки қаблан дар сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабӣ ба ҳайси тарҷумон хидмат мекард, имрӯз сафир дар Арабистони Саудӣ таъйин гардид.

Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул соли 1978 дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дипломатияро дар Донишгоҳи “Ал – азҳар” – и Мисри Араб омӯхтааст.

Як муддат дар сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе ба ҳайси тарҷумон кор карда, сипас дар сохторҳои мухталифи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Чанд сол тарҷумони арабии раисҷумҳур ва ёвари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Аз июли 2019 то таъйин шуданаш ба симати сафир дар Арабистонӣ Саудӣ дар вазифаи мушовири сафорати Тоҷикистон дар Қатар кор мекард. Забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва туркиро балад аст. Қабл аз ӯ Заробиддин Қосимӣ сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ буд, ки ҳоло сафир дар Мисри Араб таъйин шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular