Меҳмоншо Шарифов
Илм к-аз ту туро набистонад,
Ҷаҳл аз он илм беҳ бувад бисёр!
Санноӣ
Имрўз шояд ҷомеаи Тоҷикистон ягона ҷомеа бошад, ки дар он дониш ва таҷриба амалан қадр карда намешаванд;
арзишҳои созандаи ҳувияти ягонаро дар китобҳои дарсӣ ва дар ҳаёт дар муқобили ҳам ниҳодаанд;
пул ба он хотир дода мешавад, ки дониш нагиранд (баҳоро, шаҳодатнома, дипломҳо ва рисолаҳои номзади ва докториро ро мехаранд);
маънавиёт қадр карда намешавад;
вазифаҳоро мехаранд ва ё чун ‘тўҳфа’ мегиранд;
дониш дар сохтмони инсонҳо, давлат ва ҷомеа кор намекунад;
ҳаққонияти (машруъияти) дониш дар ҷомеа гум шуда ва он дигар оинаи зиндагии мардум нест;
ҳамбастагии иҷтимоии байни иқтисод, сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг вуҷуд надорад;
одамон дар бораи вазъи зиндагии хеш бештар аз рўи тағиротҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои беруна хулоса мебароранд ва дар дохил дониши яқинӣ ҷомеаи худро надоранд;
алоқамандии донишро бо истеҳсолот наметавон дидан;
ҷавонони зиёд дар ҷустуҷӯи кор на ба дониш, таҷриба ва маънавиёт балки ба ‘бадан’ ва ба ‘бозу’ … такя мекунанд;
дониш колои бозор ва асбоби ороишии шахсҳо шуда…
Ба ҳар ҳол Рузи Дониш Хуҷаста Бод!!!
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

