Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Бохтар 59 ошхона баста шудаанд

Дар Бохтар 59 ошхона баста шудаанд

Дар 8 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Бохтар фаъолияти 59 ошхона ва дигар муассисаҳо барои риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ то бартараф кардани камбудиҳо баста шудаанд.

Тавре нашрияи Фараж иттилоъ медиҳад, Шамсиддин Гулов, Директори марказ гуфтааст, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Бохтар дар 656 иншоот санҷиш гузаронида шуда, 81 нафар соҳибкору дигар шахсони масъул барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ба маблағи 12 ҳазору 496 сомонӣ ҷарима шуданд.

Манбаъ гуфта, ки зимни санҷишҳо барои риоя нашудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ фаъолияти 59 адад ошхона ва дигар муассисаҳое, ки зери назорат буданд, баста шудаанд.

Ба гуфти Шамсиддин Гулов ҳангоми гузаронидани санҷишҳо аз бозору мағозаҳо беш аз 624 клограм маводи пасифату қалбакӣ ва муҳали истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи онҳо 6 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби марказ танҳо дар моҳи августи соли ҷори  84 ҳазору 604 метри мурабаъ биноҳои баландошёна ва дигар иншоот безарар гардонида шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular