Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБурҷи Халиф ранги парчами Ӯзбекистон ба худ гирифт

Бурҷи Халиф ранги парчами Ӯзбекистон ба худ гирифт

Бузургтарин иморати осмонбуси ҷаҳон “Бурҷи Халиф”, ки Аморати муттаҳидаи Араб ҷойгир аст, ба хотири рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон ранги парчами ин кишварро гирифт.

Навори ин саҳнаи зебо дар саҳифаи расмии бурҷ  дар Instagram- шабакаи Emar гузошта шудааст.

Ҳамин тавр мақомоти шаҳри Дубай мардуми Ӯзбекистонро бо ҷашни миллиашон, ки алакай бори 29 таҷлил мегардад, табрик намуданд.

Бояд гуфт, ки парчами Ӯзбекистон бори аввал нест, ки дар ин иморати 828 метра инъикос АМА меёбад. Як сол қабл, бахшида ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба ин кишвар ин иморати баланд низ ранги парчами Ӯзбекистонро гирифта буд.

“Бурҷ – Халиф” зуд зуд аз парчамҳоли кишварҳои гуногун чароғон мешавад. Барои мисол 12 июни соли равон ин иморат ба ранги парчами Русия чароғон шуда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular