Раводид байни кишварҳои Эрон ва Русия аз соли 2017 барои сайёҳон лағв шуд.
Евгений Иванов, раиси бахши консулии Вазорати хориҷаи Русия ба хабаргузории Садо ва Симо гуфтааст, бар асоси тавофуқи нав, гурӯҳҳои сайёҳии 5 то 50 нафара барои 15 рӯз иқомат, ниёз ба виза нахоҳанд дошт.
Русия пештар ин тавофуқро бо Чин амалӣ карда буд.
Ҳузури сайёҳони эронӣ дар Русия бо роҳандозии парвозҳои мустақим ба Санкт-Петербург, Маскав ва Сочи то 70 дарсад афзоиш ёфтааст.