Як вакили дифоъи 30-сола аз Хоруғ эълон кардааст дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба ҳайси номзад ширкат хоҳад кар. Иргашов Фаромӯз Иргашович бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ дар Ютуб гуфта, ки мехоҳад номзадиашро тариқи худпешбарӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кунад ва аз тарафдоронаш хостааст барояш имзо ҷамъ кунанд.
Иргашов мегӯяд то ҳол тавонисат беш аз 37 000 овоз ҷамъоварӣ кунад. Ин ҷавони тоза ба синни номзадӣ расида мегӯяд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи мардум ва решакан кардани зулму ситам мубориза хоҳад кард ва ҳамин амр боис шудааст номзадиашро пешбарӣ кунад.
Тибқи гуфтаи худаш дар ин навор, Иргашов фаромӯз моҳи апрели соли 1990 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шуда, соли 2008 мактаби миёнаи №6-и шаҳри Хоруғро хатм кардааст. Ҳамон сол ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013 фориғуттаҳсил шудааст. Аз замони хатми донишгоҳ то ин замон ба ҳайси вакили дифоъ фаъолият дорад.
Ӯ мегӯяд дар 7 соли фаъолияти касбиаш “дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба беадолатӣ дар мурофиаҳои судӣ ва зулму ситам аз тарафи мақомоти қудратӣ нисбат ба шаҳрвандон, фасод дар хидмати давлатӣ, сӯиистифода аз мансаб ва табдил додани мақомоти давлатӣ аз тарафи хидматчиёни давлатӣ ба корхонаҳои шахсии худ дучор шудам”.
Ба ҳамин хотир тасмим гирифааст барои курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза барад ва “дар якҷоягӣ бо мардуми оддии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро аз чунин хидматчиёни давлатӣ, ки бо фасод сару кор доранд ва ҳокимиятро барои худ ҳамчун хонаи шахсӣ кардаанд, ягон касро ба дохилаш ҳатто даромадан намемонанд” тоза намояд.
Иргашов аз тарафдоронаш хост бо зикри ному насад ва санаи таваллуд овозҳояшонро ба ӯ тариқи почтаи электронӣ ва ватсап ирсол кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

