Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМақомоти марзбонии Тоҷикистон ҷузъиёти тирпарониро дар марзи Қирғизистон шарҳ доданд

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ҷузъиёти тирпарониро дар марзи Қирғизистон шарҳ доданд

Гуфта мешавад, ки ин тирпаронии кӯтоҳмуддат 28-уми ноябр дар марз бо Қирғизистон ба амал омадааст. Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз тафтиши ин воқеа сабаб ва ҷузъиёти онро шарҳ додааст.

Назар ба гуфтаи идораи марзбонии Тоҷикистон тафтиш баъд аз муроҷиати ҷониби Қирғизистон сурат гирифтааст. Марзбонҳои қирғиз гуфтаанд, ки тирпарониро нахуст тоҷикон оғоз карданд. Таъкид мегардад, ки тирпаронӣ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Мин-Оруқи ҷамоати Самаркандаки ноҳияи Бодканд ба амал омадааст.

Назар ба шарҳи мақомоти тоҷик, марзбонҳои тоҷикистонӣ соати 7:20 дақиқа ҳангоми адои вазифаи худ аз хоки кишварашон мушоҳида намудаанд, ки марзбонҳои қирғиз мошинеро дар қаламрави худ боздошт ва мавриди тафтиш қарор додаанд. Аммо ба сабабҳои номаълум байни марзбонони қирғиз ва ронандаи мошин ядигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омада, ронанда саъй кардааст, мошини худро ба дарунтари хоки Қирғизистон биронад. Дар ҳамин вақт марзбонҳои қирғиз 16 тир холӣ кардаанд ва марзбонҳои тоҷик низ ҷавобан се тири огоҳкунанда ба ҳаво кушодаанд.

Мақомот мегӯянд, дар ин тирпаронӣ касе осеб надидааст ва ҷонибҳо фавран мулоқот доир намуда, аз пайи тафтиши воқеа шудаанд. Ҳамчунин марзбонони тоҷику қирғиз ба тавофуқ расидаанд, ки то 10 уми декабри соли равон дар ширкати раҳбарои хадамоти марзбонии худ дар робита ба тартиби рафтор дар хатти марз машғулоти ҳарбӣ гузаронанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика