Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар интихоботи Қирғизистон 15 ҳизб ширкат мекунанд

Дар интихоботи Қирғизистон 15 ҳизб ширкат мекунанд

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон раванди сабти номи номзадҳо ба мақоми вакилии порлумони ин кишварро дар интихоботи пешорӯ ба поён расонд.

Барои курсиҳои порлумони Қирғизистон 15 ҳизб, аз ҷумла «Ота Макон», «Ҳизби иштирокчиёни ҷанг дар Афғонистон ва низоъҳои мусаллаҳонаи дигари маҳаллӣ», «Бир Бол», «Замондош», «Мекен Интимагӣ», «Мекенчил», «Ийман Нуру», «Чон Казат», «Республика», «Ислоҳот», «Ордо», «Ватанам Қирғизистон», «Сотсиал-демократ», «Биримдик» ва «Қирғизистон» вориди рақобат мешаванд.

Аъзои комиссия дар ҷаласаи 3 сентябр аз сабти номи номзадҳои ду ҳизб — «Актив» ва «Бутун Қирғизистон» худдорӣ карданд.

Дар Қирғизистон 4 сентябр таблиғоти пешазинтихоботӣ оғоз мешавад ва интихобот ба рӯзи 4 октябр гузошта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular