Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Хатлон 10 тон дорувориро нобуд сохтанд

Дар Хатлон 10 тон дорувориро нобуд сохтанд

Дар вилояти Хатлон ҳудудан 10 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббиро нобуд сохтанд.

Беш аз 10 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз тарафи  Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба тариқи сӯзонидан нобуд карда  шуданд. 

Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои сардори шуъбаи назорати давлатии фарматсевтии Сарраёсат Одина Шарифзода, беш аз 9 тонна маводи тиббии  нобудшударо ширкатҳои фарматсевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ тавассути  мактуб барои нобуд кардан ба сарраёсат супориданд.

«Дар қиёс ба солҳои пешина маданияти соҳибкорон ва масъулини муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ хеле баланд гардидааст. Вақте маводи доруворӣ ва молҳои тиббиеро, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, аз муомилот гирифта, бо мактуб ба Сарраёсат барои безарар гардонидан супорида мешаванд»,- гуфт Одина Шарифзода.

Ҳоло аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон корҳои назоратӣ пурзӯр карда шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ  роҳандозӣ шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular