Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚазоқистону Қазоқистон аз 17 сентябр парвозҳоро барқарор мекунанд

Қазоқистону Қазоқистон аз 17 сентябр парвозҳоро барқарор мекунанд

Қурмонбек Акишев, мудири Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон хабар дод, ки парвозҳои байни Қирғизистону Қазоқистон аз 17 сентябр барқарор мешаванд.

«Мо айни замон ду парвозро дар ҳафта дар масири «Нурсултон-Алмато-Бишкек» мадди назар дорем. Дар оянда теъдоди парвозҳо бештар хоҳад шуд. Бо Узбекистон ҳам гуфтугӯ кардем. Парвозҳо аз 15 сентябр барқарор мешаванд», — гуфт Акишев.

Вай илова кард, ки масъалаи барқарории парвозҳо бо Русия ҳанӯз ҳал нашудааст.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар самти «Тошканд-Бишкек-Тошканд» дар ҳафта 1 парвоз ба роҳ монда мешавад.

Баъди он ки дар нимаҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар Қирғизистон нахустин ҳолатҳои гирифтории сокинон ба вабои коронавирус ошкор шуд, ин кишвар парвозҳои доимиро бо ҳамаи кишварҳо қатъ кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular