Сипоҳи посдорон дар баёнияе барқарории муносибот миёни Баҳрайн ва Исроилро маҳкум кард ва аз «интиқоми сахти уммати исломӣ» ба вижа шиъаёни Баҳрайн сухан гуфт. Баҳрайн дуввумин кишвари арабӣ аст, ки ба сӯи оддисозии муносибот бо Исроил гом бардоштааст.
Интишори хабари барқарории муносиботи дипломатик миёни Баҳрайн ва Исроил бо вокуниши таҳдидомези Сипоҳи посдорони ҷумҳурии исломӣ рӯбарӯ шуд. Ба гузориши хабаргузории Тасним, равобити умумии Сипоҳи посдорон дар баёнияе ин гоми Баҳрайнро маҳкум кард ва ваъда «интиқоми сахт” ба подшоҳи ин кишвар дод.
Дар ин баёния аз «доминои оддисозии» равобит Исроил бо «ҳуккоми бархе кишварҳои арабӣ» ёд шуда, ки «бо муҳандисии Кохи сафед» ба роҳ афтодааст. Сипоҳи посдорон аз иқдоми Баҳрайн барои оддисозии муносибот бо Исроил ба унвони «иқдоми нангини Оли Халифа» ном бурда ва гуфтааст, ки ҳукумати Баҳрайн «посухҳои дархӯр» хоҳад гирифт.
Сипоҳи посдорон ба раҳбарони Баҳрайн ва дигари кишварҳои араби минтақа ҳушдор додааст, ки «дарвозаҳои нуфузи» Исроилро ба минтақаи роҳбурдии Халиҷи Форс ва дарёи Уммон боз накунанд.
Вазорати хориҷаи Эрон низ дар баёнияе ин иқдоми Баҳрайнро «нангин ва хиффатбор» хондааст.
Даар муқобил Дунолд Тромп дар суханони рӯз ҷумъа тасмими Исроил ва Баҳрайнро гоме дигар дар масири оддисозии муносиботи кишварҳои араби минтақа бо Исроил донист. Ин ду кишвар дар баёнияи муштараки худ аз тамоюли ду тараф ба «расидан ба роҳҳали комил ва одилона барои поён додан ба кашмакаш миёни Фаластин ва Исроил» сухан гуфтаанд.
Бо ин ҳол «Созмон озодибахши Фаластин» ин тавофуқро «як гоми хиёнатомези дигар» тавсиф карда ва Маҳмуд Аббос, сафири худро аз Манома фаро хондааст. Созмони Ҳамос низ оштии Баҳрайн ва Исроилро гоме дар ҷиҳати пиёда кардани «барномаи сулҳи амрикоӣ» ва иҷрои «муъомилаи қарн» дар ҷиҳати манофеъ Исроил ва нобудии миллат Фаластин донистааст.
Илова бар ин ду созмон, ки раҳбари Каронаи ғарбии рӯди Урдун ва навори Ғаззаро дар даст доранд, гурӯҳҳои дигари фаластинӣ низ бо вокуниши мушобеҳ иқдоми подшоҳи Баҳрайнро маҳкум донистанд.
Дар миёни давлатҳои минтақа Туркия низ дар канори Ҷумҳурии исломӣ аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки иқдоми Баҳрайнро «зарба тозае» ба талошҳо барои дифоъ аз масъалаи Фаластин донист.
Баҳрайн дувумин кишвари арабии ҳавза Халиҷи форс аст, ки 11 сентябр аз барқарории муносибот бо Исроил хабар дод. Қабл аз он Амороти муттаҳида арабӣ ин гомро бардошта буд. Иқдоме, ки барои давлатҳои Исроил ва Амрико як пирузӣ ба шумор меравад ва гуфта мешавад Дунолд Тромп аз он ба унвони корте барои рақобат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Иёлот Муттаҳида дар ноябри соли ҷории мелодӣ баҳра хоҳад бурд.
Баёнияи Сипоҳи посдорон хитоб ба ҳукумати Баҳрайн гуфтааст, ки “дар интизори интиқоми сахт бошад” , ки “тавассути муҷоҳидон роҳ Қудс ва миллати ғайратманди Баҳрайн” гирифта хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

