Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоРаддабандӣ: Душанбе яке аз бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон

Раддабандӣ: Душанбе яке аз бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон

Оҷонсии консалтингии “Mercer” шароити зиндагӣ дар 450 шаҳри ҷаҳонро аз рӯи 10 нишондиҳанда, ба монанди муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муҳити иқтисодӣ, муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ, расидагӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, макотиб ва маориф, хизматрасониҳои умумӣ ва ҳамлу нақл, тафреҳ, колоҳои мавриди истифода, маскан ва муҳити зист  муайян кардааст.

Аз рӯи ин нишондодҳо сифат ва шароити зиндагӣ дар шаҳрҳоро раддабандӣ намудааст, ки 27-тои ин шаҳрҳо  дар миёни бадтаринҳо ҷой дода шудааст.

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз миёни ин 27 шаҳрҳои бадтарини ҷаҳон дар мақоми 19-ум қарор дорад.

Дар мавриди пойтахти Тоҷикистон гуфта шудааст: “Фақр ва камбуди барқ аз мушкилоти умдаи ин шаҳр ва тамоми кишвар мебошанд. Бонки ҷаҳонӣ низ аз мушкилоти роҳандозии тиҷорат бо таваҷҷуҳ ба зерсохторҳои номусоид ҳушдор медиҳад”.

Аммо ҳолдонон мегуянд, ҳарчанд дар шаҳри Душанбе камбудии норасоии барқ, фақру нодорӣ, адами муҳити озоди сиёсӣ ва фасод дар соҳаи маориф ҳукмфармо бошад ҳам аз ҷиҳати зебоӣ, амнияту оромӣ, зиёд будани фароғатгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ аз шаҳрҳои пешрафта ҳеҷ камие надорад.

Аз миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ Тошканд, дар миёни 27 шаҳри бадтарин ҷойи 26, Ишқобод 23 ва Бишкек дар мақоми 21-уми ин раддабандӣ омадааст. Шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ дар мақоми 1-ум қарор гирифта, бадтарин шаҳр барои зиндагӣ дониста шудааст.

Шаҳрҳои Вена, пойтахти Утриш, Сиюрих, шаҳр дар Суис , (Шветсария), Окленд, шаҳр дар Зеландияи Нав, Мюнхени Олмон ва Ванкувери Канада аз панҷгонаи шаҳрҳои писандида маҳсуб шудаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика