Рӯзи 15-уми сентябр дар Узбекистон қонуни нави шаҳрвандӣ ба иҷро даромад, ки гирифтани шиносномаи ин кишварро ба маротиб осон мекунад.
Қонуни мазкур барои садҳо шаҳрванди собиқи Тоҷикистон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ё баъди барпо кардани оила бо шаҳрвандони Узбекистон муқими ин кишвар шудаанд, шонси гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Узбекистонро фароҳам меорад.
Қонун моҳи марти имсол аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев имзо шуд ва ба шахсоне, ки дар Узбекистон таваллуд шуда, аммо дар хориҷа зиндагӣ доранд (бидуни шаҳрвандии Узбекистон) ҳақ медиҳад, шаҳрвандии ин кишварро бигиранд. Ин гурӯҳи афрод метавонанд, бидуни талаботи ҳатмии панҷ сол зиндагӣ бар асоси санади ҳаққи иқомат ба дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.
Инчунин, шаҳрвандоне, ки ба хоки ин кишвар пеш аз 1-уми январи соли 1995 ворид шуда, аз он замон то кунун бе шаҳрвандии Узбекистон, вале ба таври қонунӣ зиндагӣ кардаанд, билофосила шаҳрвандӣ дода мешавад.
Онҳое, ки аз 28-уми июли соли 1992 ба таври доимӣ дар Узбекистон зиндагӣ кардаанд ва шаҳрванди хориҷӣ нестанд, низ дар сурати дархости расмӣ шаҳрванди Узбекистон мешаванд.
Ҳар шахсе, ки мехоҳад шаҳрванди Узбекистон шавад, бояд ба забони узбекӣ гап зада тавонад, аз шаҳрвандии кишвари дигар даст кашад, чун Узбекистон ҳамоно душаҳрвандиро намепазирад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

