Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОМОН-и рус 50 муҳоҷири тоҷикро латукӯб кардааст

ОМОН-и рус 50 муҳоҷири тоҷикро латукӯб кардааст

Ҳудуди 50 муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Шербинкаи вилояти Маскав гуфтанд, субҳи 9-уми сентябри имсол аз тарафи шахсоне, ки ба иддаои онҳо “дар тан либоси кормандони дастаи зудамал ё ОМОН-и Русияро доштанд”, латукӯб шудаанд.

Радиои Озодӣ навиштааст навори лаҳзаи латукӯб шудани муҳоҷиронро дар даст дорад. Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷиронро афроди ниқобпӯш аз бинои баландошёна ба саҳни ҳавлӣ берун карда, бо чӯбдаст дар пой ва пушти ва ду муҳоҷир мезананд.

Дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Шербинкаи Маскав гуфтаанд, аз муҳоҷирон дар ин бора шикоят нагирифтаанд.

Насим Ҷобиров, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 15-уми сентябр гуфтааст, соати 5-и субҳи 9-уми сентябр гурӯҳи низомипӯшон вориди хобгоҳи онҳо шуда, ҳар касеро, ки сабаби ворид шудани онҳоро пурсид, латукӯб кардаанд. Ба нақли вай, “ҳар касе хоб буд ё бедор, заданд ва фармон доданд, ки ба берун бароем.”

Муҳоҷирон мегӯянд, баъдан фаҳмиданд, ки ворид шудани нирӯҳои ОМОН барои ҷустуҷӯи маводи мухаддир дар хобгоҳи муҳоҷирон будааст. Пас аз он ки чизе пайдо намекунанд, муҳоҷиронро раҳо мекунанд.

“Ягон муҳоҷирро ба ягон ҷо набурданд. Аз саҳни ҳавлӣ ҳамаро раҳо карданд, вале бисёриҳо баргаштанд, пулҳояшон аз ҷойи хоб гум шудааст”, — гуфтааст Шариф, муҳоҷири дигари тоҷик.

Як навбатдори Шуъбаи пулиси ноҳияи Шербинкаи Маскав гуфтааст, аз ҳодиса хабар надоранд ва касе ҳам барои таҳқиқ ба онҳо муроҷиат накардааст. “Агар муроҷиат шавад, ҳатман санҷида мешавад. Мо ягон навори латукӯбро ҳам надидаем”, — гуфтааст навбатдори Шуъбаи пулиси Шербенкаи Маскав.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия низ гуфтанд, аз ҳодиса хабар надоштанд

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular