Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДавлати Тоҷикистон чашм ба дороии мардум дӯхтааст

Давлати Тоҷикистон чашм ба дороии мардум дӯхтааст

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуддати рушди кишвар барои солҳои 2016-2020-ро омода ва ба парлумон ирсол кардааст, ки тибқи он дар назар дорад пулҳои мардуми кишварро барои пешрафти иқтисод ҷалб намояд.

Бо забони илмиву барномавӣ ин кор “тағйири муносибати мардум ба даромадҳояш” номида мешавад. Давлат ба ин назар аст вақти он расидааст, ки мардум қисме аз даромадҳои худро мустақиман дар иқтисоди кишвар маблағгузорӣ намояд. Ин назари давлатро ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод дар нишасти илмӣ-амалие таҳти унвони “Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо”, ки имрӯз 30 ноябр дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт. Ӯ гуфт даромади мардум танҳо дар истеъмолкунӣ истифода мешавад, дар ҳоле ки бояд қисме аз онҳо барои сармоягузорӣ ва захира сафарбар шавад.

“Мо аллакай дар вазъе қарор дорем, ки ба синфи миёна 25% аҳолӣ таъаллуқ дорад ва бенавоӣ то 31% кам карда шудааст. Акнун бояд аз масрафи даромадҳои худ танҳо барои истеъмол худдорӣ кард. Зарур аст қисме аз ин даромадҳо барои рушди ояндаи иқтисод ва беҳбуди вазъи худи мардум дар шакли сармоягузорӣ ва захира равона гардад” — зикр кард Умед Давлатзод. Ӯ ҳамчунин гуфт ин кор набояд маҷбурӣ бошад ва давлат муваззаф аст шароите офарад, ки худи мардум дар маблағгузорӣ ба иқтисоди кишвар алоқаманд бошад.    

Ба сулоли Паём.нет, ки оё ҳукумат метавонад пулҳои мардумро ба иқтисод ҷалб намояд, коршиноси масоили иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев посух дод:

Албатта, агар бори буҷаи кишвар дар шакли андозҳои миёншикан ва дар ин авохир ҷаримаҳо бори дӯши мардум намешуд, бизнесҳо ғасб намешуданд, соҳибкорони хориҷиву дохилӣ фирор намекарданд, фасод афзоиш неву ҳади ақал дар як сатҳ меистод, мешуд бовар кард, ки давлатмардон дар ғами иқтисоди кишвар, пулҳои азгардишмондаи мардум, ошносозии мардум бо бизнес ва миллӣ кардани иқтисод ҳастанд. Аммо замоне ки мардум дигар ҳатто ба бонкҳо бовар надорад ва на танҳо аз гузоштани маблағ худдорӣ мекунад, балки мекӯшад пулҳои онҷо дармондаашро бо ҳар роҳе берун орад, ҷалби пулҳои мардум ҳатто то анҷоми ин барнома, яъне соли 2020 ҳам имкон надорад. Ягона роҳе, ки боқӣ мемонад ҷалби маҷбурии ин маблағҳост. Ҳукумат ҳам имкон надорад инро надонад. Пас вақте чунин як барномаро барои солҳои 2016-2020 омода сохтааст, пас бо гумони ғолиб, дар садад аст пулҳои мардумро бо фишор ба иқтисод ҷалб кунад. Аммо то куҷо муваффақ хоҳад шуд ва чӣ натиҷае хоҳад гирифт, мавзӯъи дигар аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика