Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeКМИР Азия Плюсро ба интихобот роҳ надод

КМИР Азия Плюсро ба интихобот роҳ надод

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз додани иҷозат ба хабаргузории Азия Плюс барои пӯшиши интихоботи раёсатҷумҳурӣ худдорӣ кардааст. КМИР шаҳодатномаи қайд аз Вазорати фарҳангро талаб дорад, Вазорати фарҳанг маълумотнома аз КДАМ-ро.

Ба 9 хабарнигори Азия Плюс, ки ин хабаргузорӣ барои пӯшиш додани интихобот аз КМИР аккредитатсия хостааст, ҷавоби рад додаанд. Дар ин бора худи Азия Плюс иттилоъ медиҳад. 

АП хабар медиҳад, ки 25 сентябр ба комиссиюн барои акредитатсияи хабарнигоронаш мактуб фиристодааст. 

Гуфта мешавад, қаблан, дар интихоботи парлумонӣ ин хабаргузорӣ барои бақайдгирии хабарнигоронаш танҳо мактуб, шаҳодатномаи журналистӣ ва нусхаи шиносномаи онҳоро фиристодаву иҷоза дарёфт карда буд. Аммо ин дафъа комиссиюн ҳуҷҷатҳоро қабул накарда, шаҳодатномаи қайди вазорати фарҳангро талаб кардааст. 

Шаҳодатномаи Вазорати фарҳанг ҳар се сол нав карда мешавад. Бори охирин АП шаҳодатномаашро соли 2017 таҷдид намуда, моҳи августи соли ҷорӣ он ба итмом расидааст ва хабаргузорӣ барои таҷдиди он ба вазорати фарҳанг муроҷиъат кардааст. 

Аммо вазорат маълумотнома аз КДАМ-ро талаб мекунад. Ин чӣ гуна маълумотнома аст ва дар он чӣ бояд навишта шавад, касе намедонад, чун қаблан чунин ҳуҷҷат талаб карда намешуд. 

Аммо КДАМ ба дархости АП аз 14 август то ҳанӯз ҷавоб надодаст.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular