Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамаи фирориёни зиндони Доғистон боздошт шуданд

Ҳамаи фирориёни зиндони Доғистон боздошт шуданд

ВКД Доғистон ва УФСИН – идораи зиндонҳои Русия хабар доданд, ки рӯзи 30 сентябр ҳамаи 6 маҳбуси аз маҳбаси №2 дар Доғистон фироркардаро баъди як ҳафтаи фирорашон дастгир кардаанд.

Мақомоти ФСИН гуфтаанд, ки маҳбусони фирориро дар ҳудуди ноҳияи бо Доғистон ҳаммарзи Лагани Қалмиқистон боздошт кардаанд.

Гуфтанист, шаби 23 сентябр 6 маҳбус тавассути нақбе, ки дар давоми як сол канда буданд, аз маҳбаси низомаш сахти №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа фирор карданд.

Ду нафари онҳо барои куштор ва 4 тани дигар барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буданд. Ду нафар аз ин маҳбусони фирорӣ аз Тоҷикистон будаанд.

Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда, як сол пеш барои адои ҷазо ба маҳбаси Шамхал оварда шуданд. Бойматов ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular