Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШойгу эълон кард ДОИШ дар Сурия комилан маҳв шудааст

Шойгу эълон кард ДОИШ дар Сурия комилан маҳв шудааст

Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу аз пурра маҳв шудани ДОИШ дар қаламрави Сурия, эълом кард. Ба гуфтаи роҳбари вазорати дифоъ, дар тӯли панҷ сол пурра шикаст додани ДИ ва ҳалли масъалаҳои геополитикӣ, ки ба манфиатҳои Русия дахл доштанд, имконпазир буд.

Артиши Русия дар Сурия тавонистааст вазифаҳои гузоштаи президент Владимир Путинро пурра иҷро кунад. Вазири мудофиа Сергей Шойгу дар ин бора дар мақолае барои рӯзномаи «Красная Звезда», ки ба рӯзи панҷумин солгарди амалиёти Русия дар ин кишвар рост омадааст, гуфтааст.

— Мо имрӯз ба чӣ расидем? Чизи асосӣ ин аст, ки ДИИШ мағлуб шуд. Гузашта аз ин, мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки тамоми олами махуфи террористии байналмилалӣ зарари бузург дид, — гуфт Сергей Шойгу

Ғайр аз ин, Шойгу гуфт, артиши Русия аз густариши гурӯҳҳои террористӣ ба қаламравҳои ҳамсоя пешгирӣ кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular