Wednesday, November 12, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумат ваъдаашро хилоф кард, андози роҳ лағв нашуд

Ҳукумат ваъдаашро хилоф кард, андози роҳ лағв нашуд

Аз байн бурдани ситонидани андоз аз истифодабарандагони роҳ, ки мувофиқи ваъдаи ҳукумат бояд аз 1-уми январи соли 2017 амалӣ мешуд, то 1-уми январи соли 2018 ба таъхир гузошта шуд.

Умед Латипов, муовини вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 1-уми декабр дар ҷаласаи парлумон гуфт, тибқи муқаррароти қаблӣ андоз аз истифодабарандагони роҳ бояд аз 1-уми январи соли 2017 лағв мегардид. Ӯ таъкид кард, ки дар шароити буҳронӣ агар ин намуди андоз бекор гардад, ба буҷаи давлат 360 миллион сомонӣ ворид намешавад.

Латипов аз вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, бо қабули тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон лағви андоз аз истифодабарандагони роҳ то 1-уми январи соли 2018 ба таъхир гузошта шавад ва вакилон ин пешниҳодро қабул карданд.

Ситонидани андоз аз истифодабарандагони роҳ дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи коршиносон асоси иқтисодӣ надорад, бояд аз соли 2017 –ум пурра лағв мегардид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?