Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Милош Земан, раисҷумҳури Ҷумҳурии Чех, ки дирӯз 1 декабр баргузор шуд, тақрибан бидуни ҳеҷ натиҷае анҷом ёфт.
Ягона созишномае, ки байни ду кишвар дар натиҷаи ин мулоқот имзо шуд, созишномаи парвози ҳавоӣ байни ду кишвар буд, ки мешавад гуфт аслан як ба кор нахоҳад омад. Ингуна созишномаҳоро Тоҷикистон бо даҳҳо кишвар ба имзо расонидааст ва то ҳанӯз шумори хеле каме аз онҳо амалӣ шудаанд. Бо назардошти ин, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Чех муносиботи иқтисодӣ надорад ва шумори тоҷикон ҳам дар ин кишвар хеле ночиз аст, бо гумони ғолиб ин созишнома рӯи қоғаз хоҳад монд.
Албатта, Раҳмон аз рӯи одати деринааш аз тоҷирону сармоядорони чех даъват кард то дар кишвараш сармоягузорӣ кунанд, вале пазируфтани онҳо суоли матраҳ аст. Дар ҳоле, ки бонки ҷаҳонӣ аз хатари ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон огоҳ мекунад, дар гумон аст ба ин зудиҳо кадом сармоядоре вориди бозори Тоҷикистон шавад.
Танҳо бахши хотирмони сафари Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех, ки на танҳо ҷомеъаи ин кишвар, ҳатто давлатмардони онро дар ҳайрат гузошт, ҳуҷуми муҳофизони Раҳмон ба мухолифони эътирозгар буд. Мардуми Аврупо ба эътирозҳо одат кардаанд ва онро як ҳодисаи оддӣ талаққӣ медиҳанд, аммо дарафтодани муҳофизони як раисҷумҳур ба эътирозгароне, ки аслан ба раисҷумҳур наздик нашуданд, барояшон нонсенс аст. Дар ҳоле, ки боздошти муҳофизони раисҷумҳури як кишвар дар кишварҳои истибдодӣ ҳам нонсенс аст, барои кишварҳои демократӣ ҷои таъаҷҷуб надорад ва пулиси Чех маҷбур шуд ду муҳофизи раисҷумҳури Тоҷикистонро барои муддате боздошт намояд.
Агар таҳдиде, ки мухолифин мегӯянд муҳофизини Раҳмон ба онҳо кардаанд, расман тасдиқ гардад, шӯре дар Аврупо бар хоҳад ангехт. Чун таҳдиди куштан аз як тараф агар ҷиноят аст, аз тарафи дигар, дар ҳар кишваре сурат гирифт, таҳдид ба амнияти он ҳам ҳаст.
Имзо шудани танҳо як созишномаи ночиз дарак аз он медиҳад, ки сафари Раҳмон тарҳрезиношуда будааст. Сабаби назди хабарнигорон набаромадани ӯ ҳам шояд ин бошад, ки ҳеҷ ҳарфи гуфтание надошт. Ба назар мерасад бо сафараш ба Ҷумҳурии Чех, Раҳмон танҳо хост нишон диҳад, он овоза, ки кишварҳои аврупоӣ аз қабулаш худдорӣ меварзанд, дурӯғ аст.
Рустам Вализода
Прага, Ҷумҳурии Чех