Вақте зану шавҳар дилашон сӯхта сагро ба остони худ иҷозати вуруд доданд ва маро бо носазое аз дари хонаашон биронданд , дар умри худ нахустин бор ба қадри худ таҳтан гирйистам. Аз дил хафа шудам, ки инсон ҳастам ва… инсонам зодаанд..!
Ҳоло… дар кӯчаи бекас, ки аз умқи осмони ситоразораш резаҳои барф хоҳам- нахоҳам фуруд меоянд, вел-вел мегардам. Муродам то субҳи содиқ намурда, зистан аст…
Сард аст ҳавои шаб. Аёс дорад.
Ман ғарқи андашаҳои худам…
Акнун ба сармои газанда зиёда эътибор ҳам надода, бо алами баланд аз аъмоли одамони пастфитрат фикр мекунам ва хунам ҳамон қадар биҷӯшад, дили баҷароҳатам зиёдтар сард мешавад.
Бале…
Ин хел нусхаҳоро дар ҳаёт зуд -зуд дучор меоем!
Хеле бираҳманд…
Онҳо бешак дили санг доранд. Парвардигор дар синаашон аз азал як пора сангро ҷой додааст. Мумкин дар рафти зиндагии мураккаб, пас аз дидани гармиву сардиҳои зиёд, мардиву номардиҳои фаровон, некиву бадиҳои бешумор… он лахти гӯшти мудом тапанда сахт шудаву ба сурати санге даромадааст. Инсон дар назари ин иддаи бетараҳҳум гӯё пашшае аст, ки ҷон бохтанаш чени як донаи арзан манзалат надорад. Аз қазо бечораеро дучор оянд, ки ҷонаш ба ҳалқ омадааст ва барои кӯмак ба онҳо муроҷиат кардааст, бо ҳамон дилсангӣ ва хунсардии азалиашон меандешанд, ки мурдан бихоҳӣ…, марҳамат, бимир! Аммо дар пеши онҳо не, бираву дар дуриҳо бо Худои худат ҳисобу китоб бикун; ба онҳо халал нарасон, бори барзиёд нагард.
Хуллас, як зумраи аз шафқат дур,
дилсангон ва
дилсагонанд…
— Аҷаб, ки дар байни мо зиёданд ин дилмурдагон! –оҳкашон аз дил мегузаронам ман ва ба шикаста шудани яхпораҳои зери поям чандон эътиборе надода, ҳамон озурдахотир ба роҳи худ идома медиҳам. Куҷо меравам? – номаълум. Надорам ҷое, ки аз ин сармои бедору бедод сари хуро паноҳ бикунам. Баъд бо дилғашие меандешам, ки…
Шояд худи ман ҳам аз ҳамон турфа мардуми дилаш сангу инсофхӯрдае ҳастам!
Агар не, чаро солиёне пеш аз дасти нодориҳо ба танг омада, завҷаву ду фарзандамро ба ҳолашон гузошта, ба ин шаҳр омадам? Чаро роҳати ҷону тани худро аз ташвиши азизонам болотар ва волотар донистам? Омадаму он азизони худро билкул ба доми фаромӯшӣ гузоштам? Пас ман ҳам аз сагдилон кам нестам. Шояд нусхаи барҷастаи ин ҳайли мардумам. Ва… акнун, — Э войи ману умри бесамарам! — вақте ки пой дар гил фурӯ мондаам, ширин- шиин ёдашон мекунаму умеде дорам, ки гунаҳҳои маро бубахшанд!
— Ҳаҳ- ҳ- ҳ номард, ҳаҳҳ нокас! –дандон месоям ман, аммо аз сардии ҳаво садои шақ- шақ ба ҳам задани дандонҳои акнун сийраку кирмхӯрдаам ба гӯшҳоям менишинад ва ҳамон дардомез меандешам, ки: “ Чӣ илоҷ, ҷазои гунаҳҳои худро мекашам, ҳарчӣ дар мазраи умр бепарво кишта будам, дар банди машаққат имрӯз медаравам.”
Дар ёд дорам…
Вақте аз завҷаву фарзандонам дилгир шуда ва ниҳоят дар дафтари умрам ба рӯяшон як хати сиёҳ кашида, ба ин мамлакати дур омадам, ба таҳқиқи ҳамин ақли ноқиси худ фаҳмидам, ки… зиндагӣ чи лаззат доштааст. Зиндагӣ фақат аз тапу тез, даву тоз аз пайи обу дона набуда, балки роҳатҳои бемисл ҳам доштааст. Аммо ман қаблан танҳо бо андешаи даводави ғами рӯзгор: нон биёб, об биёр, кӯдакон гурусна намонанд, занам белибос намонад… будаам. Дар ҳамин гирудори беохири зиндагӣ худамро билкул фаромӯш карда будаам. Ва… акнун муддате аз Ватан дур шуда, оламро бо чашмони худам ба гунаи дигар ёфтам ва он лаҳазот дар дил аҳд намудам, ки ҳатман барои худам як зиндагии шоистае меофарам. Зану фарзандон… Ҳеҷ гап не, ба илоҷе худашон рӯзашонро мебинанд. “Агар бидуни дурбиние қаторак зода бошад, акнун бигзор занам худаш ғамашро хӯрад. -дили худро мебардоштам ман.- Вай ҳам бидавад, кор кунад, машаққаташ чи?- бифаҳмад ва фарзандонашро калон кунад. Навбат навбати ӯст. Ба ман кордор набошанд. Ман акнун комилан озодам!”
Ва… ин тавр, бо маслиҳати як дӯстам аз мардуми маҳаллӣ зане гирифтам. Зан не, олиҳа буд ӯ! Ин тавр ҳама ранҷҳои пешинам фаромӯш гаштанд. Фаҳмидам, ки агар битавонӣ, ҳаётат гул ҳам мекардааст ва роҳати ҷон низ мешудааст. Инак, хонаи гарм дорам, оғӯши нарм дар хидматам, сару танам шуставу озода ва мудом бӯи гулоб медиҳад. Хуллас, одамам акнун! Мехӯрдаам дар пешаму нохӯрдаам дар қафо. Ҳар рӯз аз дами дар бо бӯсаи гарме ба кор гуселу бегоҳӣ боз бо бӯсаи нарме қабул мекунадам. Хуллас, худамро дар осмони ҳафтум мебинам.., рӯ- рӯи абрҳои нафис! Як афсонаи зинда…
Дар рӯбарӯи ман як мағозаи шишабанд пайдо мегардад, ки аз дигар биноҳои дар қабати якумашон дӯконҳои бешумор дошта фарқ мекард. Вай ба шакли наву ҷаззобе бино ёфта буд ва хеле назаррабо метофт. Аз дохили маҳин маҳозаи оинабанд равшании кунде ба чашмам мехӯрад. Дар пеши тирезаи барқади шишааш аз таъсири сармои шаб яхбаста чанд сурати марду зан пайдо буданд, ки дар тан либосҳои гарм ба самти кӯчаи хилват нигариста, хомӯш ва рост меистонданд. Наздиктар рафтам, ки онҳо одамакони плостикӣ ҳастанд ва либосҳои танашон барои намоиш аст. Баъд аз дур як ҷуфт чароғи мошин намудор гашт, ки оҷил пеш меомад. Ман аз пиёдагард ба роҳи калон баромадам ва ба сӯи он мошин умедвор даст бардоштам. Аммо ронанда маро шояд ягон бадмаст, ё кӯчагарди тарроре гумон бурда, ҳамон босуръат аз пешам гузашту рафт ва ман дар забон дашноми қатор дубора дар нимашаби сармоӣ, дар кӯчаи васеи ин шаҳри ҳоло бароям баробари ҷаҳаннам бо андешаҳои худ танҳо мондам. Фикран боз ба гузашта рафтам…
…Ҳаётам ғолибан як лаб афсонаеро мемонд! Ин зиндагонии парниёнӣ то вақте идома кард, ки қувват дар камарам боқӣ буд. Моҳ гузашт, сол гузашт… ва зангори зиндагӣ танамро афсурда, акнун на он марди шаҳватнишон будам, ки… Миёни ману маъшуқаам хунукӣ афтод ва рафта- рафта, кор ба ҷое расид, ки ман ба як колои нодаркоре мубаддал гаштам. Ҳоло пару болам рехта, як марди афсурдаву бемор ва ночоре ҳастам. Як одами дарди сар… Ҳамболини ҳурлиқоям баъд ҳуши маро бар ҷояш овард.
-Ба ман нонхӯри зиёдатӣ лозим нест! –гуфт ба рӯям давида ва аз домани осмонҳо фурӯ кашиду бар рӯи хокам нишонд. Ин тавр маро сагворӣ биронд аз дараш, аз бараш. Балки саг мебудам, ғолибан дар бараш мемондам, аммо… маро биронд аз хонааш он хонаобод. Ба ҳимои ду ангушти борику дар халқаи ангуштаринҳои бебаҳояш, — ман худам онҳоро дар рӯзи мавлудаш харидаву тӯҳфа карда будам! — аз шитолангам гирифту дур афканд ба сони як либоси тагпӯши кӯҳнаву чиркинаш! Ва… ҳамон чакманеро, ки вақти аз Ватан омадан дар тан доштам, бо як кароҳати ошкор сари китфам гузошту гуфт:
-Ту озодӣ, акнун чаҳор тарафат қибла!
Фикрам ба деҳаи падарӣ рафта, ҳоли худро монданди ҳамон харе ёфтам, ки як замон хидмати моро аз дилу ҷон иҷро мекарду баъд.., вақте пир шуд, нотавон гашту корношоям, ман дар чунин як зимистони сард, шомҳангом ҷуллу афзорашро аз пушташ канда, ба кӯча ронда будам. Ҳар рӯз як бор тагашро тозаву ба охураш каҳ андохтан, миқдоре ҷав додану ба сатиле ба пешаш об гузоштанро як амали бефоида донистам. Зеро… пир буд хар ва корношоям. Он шоми зимистон хари як умр хидматгори мо чи хел чашмони обравашро бо илтиҷо ба ман медӯхт, ҳанӯз аз ёдам нарафтааст. Аз дарвоза баромадан нахост. Ман бо хилачуб ба рону сағрияш зада- зада аз дар берун кардам. Вай ба кӯчаи пурбарф ду- се қадам гузошта, боз умедвор гадан кашиду ба ман нигарист. Нигоҳаш ғамгин, илтиҷоомез… Аммо дар чашмони ман тараҳҳумеро нидида ва аз таҳдиди хилаҷӯби дастам тарсида, ноилоҷ дум задаву бо сари хам ба дили торикӣ рафт. Субҳи дигар хари худамонро дар гузари ҳамсоя мурда ёфтем ва кайҳо сагону шағолони гурусна дарида будандаш. Ин кори маро падарам фаҳмида, сахт дарғазаб шуда буд ва шояд аз бераҳмии фарзандаш малулу озурдахотир ҳам гашта буд, ки чанд муддат ба ман рӯи хуш намедод…
Шаб аст!
Аз шабони торику бедод… ва сарди сарди зимистон!
Ман соате пеш аз ҷояки гарму оғӯши мудом нармак маҳрум мондаам.
Барф…
Намеборид барф.
Ҳаво кушод буду ситоразор.
Аз умқи ҳамин осмони зебои мунаққаш заррачаҳое мерехтанд. Не, не… монанд набуданд ба заррача, -айни заҳрча буданд онҳо! Оҳиста меомаданд , ба ҳадде коҳилона, ки баъзан чунин танбалӣ дар худи ман ҳам зуҳур мекард. Хоса дар иҷрои ягон кори дилнохоҳ…
Ҳоло соат чанд аст? –намедонам. Вақтро ҳам гум кардаам. Ба субҳи уммед боз чӣ қадар вақт боқист, низ намедонам.
…Сард аст ҳаво ва ман акнун дар чакмани нимдошти худ гӯё сад бор печидаам ва он дороии тани ман низ дар сармо тарошаро мемонд. На маро гарм мекард ва на худ гарм мешуд! Дарақ-дарақ меларзам; дасту пойҳоям карахт… Чакмани ман вақти гаштан шарақ — шарқ садо медиҳад. Гӯё аз сардии баланд дандонҳояш ба ҳам мехӯранд. Ба уммед ба ҷониби осмони ситоразор менигарам. Дуранд онҳо. Фурӯғи беҳилмашон базӯр то олами хок меоянд. Шояд он ҷо ҳастанд хонаҳои фариштагони самовӣ. Хаёлан ҳис мекунам, ки гарму роҳатбахшанд манзили он ҳурони нурӣ. Ҳоло ба он хонаҳо меҳмон гаштани ман амри муҳол. Ва… чашми уммед ба сӯи хонаҳои атроф мегардонам. Ҳама ҷову ҳама чиз дар исканҷаи зулмат мондаанд ва… ғолибан хомӯшии ҳавлангезашон ба қалби зулмдидаи ман тазйиқ оварда, нақши замин месозанд. Аз ҳар ҷониб биноҳои баланд қад гирифта, то худи ситораҳо мерасанд. Аз чашмони баъзе тирезаҳои ҳамин хонаҳо як равшании кунд ба атроф мехазад ва мани хунукхӯрдаро милмили он чароғакон ба сӯи худ мехонанд.
… Ман ҳамон хунук мехӯрам.
Балки чунин ба назар мерасид, ки хунук маро хурсанд мехӯрад! Гӯё як ғизои бомазае бошам… бе ҳеҷ таъхир, ҳаваси ҳама мавҷуди зиндаро овардаву ба қавле ҷиз дода, оҳиставу баноз мехӯрад, ки аз ин хӯрданҳо ҳаваси худам ҳам меояд. Оби даҳон фурӯ мебарам. Як мушт ҳавои сард ба меъдаам медарояд ва мепечад. Оби даҳонам набуд, гӯё онро низ сармои шаби дай аз ҷоми лабонам дам кашида буд, покиза нӯшида буд…
Дар кӯчаи хилват тарсидаву ларзида ба гардиш меоям. Баъзан авбошӣ мекунам, инсӯву онсӯ медавам. Мехоҳам хунамро бештар ба гардиш оварам. Охир ягона гармие, ки умеди маро зинда месозад, ҳамин хуни дар шарёнҳоям ҷорист. Медаваму медавам ва шалпар гашта, акнун нерӯи танам коҳиш меёбад ва ман зуд аз ин шуғл даст мебардорам. Баъд ғазабам ҷӯшида мошинҳои дар қади роҳ қаторро лагад мезанам ва онҳо ба шӯр меоянд, бонги хатар мезананд. Аммо касе ба ин бонг ҷавоб намегӯяд, милисаро ҳам фарёд намекунад. Умедвор будам, ки ба гумони ягон авбош, ё дузди шабрав миршабҳои ин шаҳр дошта, маро бо худ бибаранд ва паси панҷараи “маймунхона” — и худ биандозанд ва ман аз дасти ин сармои масти бераҳм ба муваққат бошад ҳам наҷот биёбам. Аммо… бар қасди ман миршабҳо падидор набуданд. Шояд дар ягон гӯшаи гармакак хобанд… Хуллас, дар ин шаҳр ҳоло ҳам миру ва низ миршабаш сармо буд ва ба қасди ҷони мани бехонумон дандон тез мекард.
Ман гирифтори худу зиндагии ин дам пуразоби худам ҳастам. Сармои ваҳшӣ ба гиреҳбони ман печидаву ман гиреҳбонгири он ҳастам. Вай маро мехоҳад савор шаваду нақши замин бикунад, ман ӯро мехоҳам лаҷом задаву ром созам ва… дар моварои ҳамин набарди нобаробари маргу зиндагӣ дасту по мезанам, талош меварзам, то муфт тӯмаи гурги сармо нагардам. Аммо субҳи уммед нопайдо буд…
Фикрам ба Ватан мекӯчад.
Он ҷо завҷаву ду фарзанди чанд сол пеш ба талотуми ҳаёти бешафқат раҳокардаам зиндагӣ доранд. Албатта, хонаҳояшон гарм будагист, шикамашон ҳам сер, танашон бутун… Аммо ман акнун ҳоле дорам, ки… Ҳоло аз кардаи худ сад бор пушаймонам, тӯрба тӯрба г… мехӯрам ҳам! Мани аз ин мондаву аз он ронда ба умед аз дил мегузаронам, ки Маҳтоб- модари бачаҳои зиндаҷудоям маро мебахшида бошад, ду ҷигаргӯшаи акнун шояд калонак шудаву ба дастиёри модар мубаддалгаштаам аз гуноҳи мани бемеҳр мегузашта бошанд? Агар ҳамин шаб зинда бимонам, албатта, сабоҳ зангашон мезанам ва мегӯям, ки азизонам, меҳрубононам, ман- падари аҳмақи шумо… зиндаам ва худо хоҳад, ба наздатон бармегардам! Мебахшидагистанд. Чаро не? Мусулмонанд -ку охир!…
Инак…
Ман дар ин шаҳри сармозада ва дар ин шаби оғози субҳаш нопадид… танҳо нестам!
Аз кадом тангкӯчае як саги туллак ба ман ҳамроҳ гашт. Вай мингосзанон гирди маро як чарх заду тани сармокашидаашро ба соқи пойҳои ман молид, ба умед молид… Пойҳои хунукхӯрдаашро монугир аз замин бардошта, баъд рӯи фарши аз ях харахшбаста чукка зад ва низ дарақ -дарақ ларзида, чашмони имдодҷӯяшро ба ман дӯхт. Яқин тараҳҳуме мехост. Аммо… дар чашмони ман раҳм набуд, он ҳисси олии инсонӣ ҳам ях баста буд. Хостам ба шикамаш лагаде зада, аз наздам дур бикунам. Аммо… аз чи буд, ки ба ҳоли худу он саги велгард ногаҳон дилам сӯхт. Пас, ҳанӯз шафқат дар умқи замири ман пойбарҷост, намурдааст он. Аз сӯзи дил оҳ кашидам. Оҳам низ сард, чунон бадард, ки… Аммо ноилоҷ будам ман. На ба худ ва на ба он саги мисли худам бехонумон кӯмак карда наметавонистам. Дасткӯтоҳ будам, балки худи ҳамон даст набуд дар вуҷуди ин дам сармокашидаи ман.
Ба дастаи дари ҳар дармомадгоҳи биноҳои қатору баланд даст ёзонда, мекашидам.
Бастаанд!
Медонам, то ба зиндагии сокинони хонаҳои баландошён беҳудаву баҳуда халал нарасонанд, дарҳои биноҳо низ оҳанпӯш шудаанд ва қулфу калид доранд. Шояд аз тарси дуздони шабгард…
Аммо ман дузд нестам. Як нафар мусофири дур аз ватан, ки муддате хушбахт ва ҳоло ниҳоят бадбахт, бенаво, балки… бахтгумкарда, навобохтаву айни ҳол дармондае! Кош дузд мебудам, ё кош… одамкуше! Шояд андӯхтаҳои пешаи худро ба кор бурда, надуздам ҳам, касеро накушам ҳам, аз дузди ҷони худ, аз ин қассоби беимон-сармо наҷот меёфтам. Аммо…
Сад андеша ба сарам меоянд, тез -тез меоянду ҳамон сон зуд- зуд ба нокуҷое фирор мекунанд.
Ман саргарми наҷот бахшидани сари қоқи худ, сари аз таъсири сармо гиҷшудаам ҳастам. Боз ҳамон саг дунболагирам аст. Мо ду нафарем дар набарди нобаробари маргу зиндагӣ! Бояд талош варзид, ки аз сармо наҷот биёбем, ақаллан то субҳ бирасем, ки аз оғозаш ҳаёти шаҳр дубора гарм хоҳад шуд ва… он тарафаш таваккал… ба Худо хоҳем намуд! Ман ба Ватан баргаштаниям, ба назди пайвандон! Саг… намедонам, вай ҳам рӯзи худро хоҳад ёфт.
Дари оҳании даромадгоҳи хонаеро кашидам. Гӯё охирин дари уммедро мекушода бошам, бо тамоми ҳастиам аз Худованд кӯмак хостам. Шояд он саги бепарастор низ, ки маро муттакои ягонааш шумурда, аз пасам акнун кашола шуда меомад, рӯ ба осмон овард. Мингос зад, аз дил мингос зад! Нолид ба даргоҳи кулли ҳол…
Чи меҳрубоние!
Дар кушода шуд.
Ва ману он саги велгард вориди гузаргоҳ шудем. Аз қазо он ҷо чунон торик буд, ки гӯё ба қабр даромада бошем. Даст- даст карда аз зинаҳо боло шудам, аз қафои ман саг низ меомад. Вай бемалол роҳ мерафт, ман дар ин торикистон чизеро намедидам. Даст монда дари хонаеро пайдо намудам ва ангушт задам. Дар садо намедод. Зеро чармпӯш буд. Мумкин нерӯе надоштам, ки ҳоло зарби батакрори ангушт ва баъд муштҳоям садо намедоданд. Онро соҳибхона ҳам намешунид. Ин хел палмосидаву кофтаву ниҳоят ёфта ба ҳар дар ангушт мезадам, думушта мекӯфтам, аммо бенатиҷа. Тарбузам аз бағал ғелид. Ба ҳар ҳол гузаргоҳ як зарра аз зери осмони кушоди кӯча гармтар аст, аммо ин гармӣ ба тани карахти ман асаре намекард, ба ман гармии зиёдтаре лозим. Вагарна муфт ҷон хоҳам бохт.
Дари хонаҳо ҳама чармбандӣ шудаанд, чун дили сокинони шаҳр. Ба он ангушт задан ҳоҷат надорад. Аздусар намешунаванд. Пас боз ба палмосидан даромадам ва дастам ба чизи сахттаре расид. Пахш намудам. Овози булбул ба гӯшам нишаст. Ҳайрон шудам ва як табассуми каҷе низ ба лабони карахтам давиданд. Хаёлам ноаён ба баҳор- баҳори гулафшони Ватани аҷдодиам! –мерафт, ки… овози тарсолуди хонуме ба гӯшам расид.
-Кист? –гуфт вай шояд аз чашмаки дар ба берун нигариста.
-…- аз фарти хушнудиву ҳаяҷон овози ман намебаромад.
Бону хонадон дубора аз паси дар, дари чарминапӯш овоз андохт:
-Кист? Кӣ даркор?
Баъд … саг, ки дар бари ман истода, низ чашми уммед ба он дари чармпӯш дӯхта буд, мингос зад. Балки талху бадард гирйист.
Дар кушода шуд ва аз даҳлези хона як панҷа нур ба рӯи ману саг зад. Хонуме, ки дарро кушод, дар даст шамъ дошт. Маълум мегардад, ки барқ надоранд. Вай ба ҳадде ҳайратзада ба ману саг нигарист, ки гӯё арвоҳеро дида бошад ва хост зуд дарро бибандад. Ман бо илтиҷо онро манъ кардам. Он лаҳза чи гуфтам, чи мондам, дар ёдам нест. Аз ду чашмам беист ашк фурӯ меомад. Аммо нигоҳи он бону ҳаросон аз сару рӯйи кабудгаштаи ман лағжида, ба саг дӯхта шуданд. Вайро бо нигоҳаш навозиш намуд. Манро гӯё намедид он зан. Баъд тоб хӯрду ба сӯи хонаи хоб садо зад ва лаҳзае пас як марди қоматбаланд дами дар пайдо гашт. Чеҳрааш гирифта буд. Шояд аз хоб хеставу барои ин ташрифи бемаҳал хеле норизо буд. Онҳо, зану шавҳар, чиҳое гуфтанд байни худ ва мард, ки қариб бараҳна буд, ба сӯи ман нигоҳи оташборе афканда, носазо гуфт ва пештар омада, аз сари синаам тела дода, аз дами дар дур кард. Сару гардани сагро бо навозиш молида, иҷозат дод, ки ба хона дарояд ва…
Баиллат дарро ба рӯи ман баст.
Ман дар торикии даромадгоҳ, дар паси дари чармпӯш шах шудам.
Акнун ашкам ҳам ҷорӣ намегардид. Ҳамон тараққоси дар ба дилам чунон асар кард, ки… гӯё ханҷаре зада бошандам, як дил кашида, худро қафо гирифтам.
Ба қадри худам, ки инсон ҳастам, дар бадали зиндагии гоҳ тавъам ба ғаму гоҳ пайванд ба шодиҳоям бори аввал сӯхтаву сӯхта… аз дами он хонаи бошандагони бемурувват канор рафтам!
Ба назарам сардии ҳавои берун аз гармии хонаи баминнат ҷӯшонтар метофт…
Шариф Халил