Шаш хабарнигори Радиои Озодӣ — Мирзонабии Холиқзод, Амриддини Олим, Шодмони Ятим, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров ва Муҳаммадвафо Ризозода, ки Вазорати хориҷии Тоҷикистон муҷаввизи онҳоро ба таври муваққатӣ қатъ карда буд, баъди барқарор шудани аккредитатсияҳо дубора ба кор баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 25 ноябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аккредитатсияи ин шаш хабарнигорони Хадамоти бахши тоҷикии Радиои Озодиро бекор карда буд.
Дар ин бора дар ҳол бахши англисии сайти Озодӣ гузорише нашр намуда сабаби бекор кардани аккредитатсияи хабарнигоронашро пахши хабар дар сайти Радиои Озодӣ дар бораи соҳибмансаб шудани Рухшона Раҳмонова, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон дониста буд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи 25 ноябр дар расонаҳо бо такя ба ҷадвали сохтори ВКХ дар сайти ин вазорат, хабаре нашр шуда буд, ки Рухшона Раҳмонова, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъин шудааст.