Дар Кнессети (парлумон) Исроил дируз 5 декабр лоиҳаи қонуне баррасӣ шуд, ки агар он ба тасвиби ниҳоӣ бирасад, тибқи он якчанд заминҳои Фаластиниён дар Каронаи бохтарии Урдун аз ҷониби режими ишғолгари саҳюнистӣ тасарруф мешавад.
Бар асоси ин лоиҳа, 330 сокинони шаҳраки саҳюнистии Амуно, ки дар сарзаминҳои фаластинӣ воқеъ шудааст, ба шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун мунтақил мешавад.
Бенямин Натанёҳу
Аммо пеш аз ин, Бенямин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи натиҷаи тасвиби қонуне, дар Кнессет дар заминаи шаҳраксозӣ ҳушдор дода буд, ки агар шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтарӣ идома ёбад, парвандае зидди Исроил дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ташкил хоҳад шуд.
Авичай Монделблит
Авичай Монделблит, мушовири ҳуқуқии кобинаи Исроил низ эълом кард, қонуни машруияти шаҳраксозӣ, ки Кнессет ( парлумон ) дар пайи тасвиби ниҳоии он аст, ба зарари Исроил тамом хоҳад шуд.
Исроил бо бунёди шаҳракҳои саҳюнистнишин дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳрае саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то султаҷўиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ мустаҳкам кунад.