Чанд рӯзест, ки дар бозорҳои кишвар маъракаи “фаҳмондадиҳии” мардум барои напушидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад. Яке аз шаҳрвандоне, ки дар бозори Корвон ба ингуна фаҳмондадиҳӣ рубарӯ шудааст дар ин бора ба мо хабар дод.
Милисаҳо дар ибтидои бозор ва назди дарвозаҳо истода буданд. Вақте маро диданд гуфтанд чаро ҳиҷоб мепушед. Набояд шумо бо ин либос дар кучаву бозор гардед. Ман гуфтам чаро бояд напушам ман мусалмонам ва ин ҳиҷоб ҳам либоси динии ман аст. Милиса ба ман гӯфт ҳиҷоб моли арабҳост шумо бояд либоси миллии худамонро пушед. Ман гуфтам Ислом дини ҳамаи миллатҳост ва ба арабу аҷам кор надорад. Либоси ман ҳам либоси тоҷикиест, ки модару бибиҳоямон пеш мепушиданд. Фақат ман онро ба шакле пушидаам, ки фармудаҳои динамро ҳам ба ҷо оварам. Магар ин ҷиноят аст?
Милиса ба ман гӯфт ба зудӣ қонуни манъи пушидани ҳиҷоб дар кучаву бозор мебарояд. Мо ҳозир фаҳмондадиҳӣ мекунем, вале баъди баромадани қонун шуморо дар кучаҳо бо ин либос ҳади ақал 500 сомонӣ ҷарима мекунем. Онҳо хостанд ному насаб ва адреси маро ҳам нависанд аммо ман ба онҳо нагуфтам. Мегӯяд як манбаъ аз бозори Корвон.
Ба назар мерасад кори ҳукумат ба ҷое расидааст, ки дигар намедонад будҷаи кишварро аз кадом ҳисоб пур кунад. Дар ҳама ҷо ҷарима кардану ришваситонӣ дар авҷ шудааст.
Аз тарафи дигар ин ҳукумат душмани дараҷаи аввали худаш дини мардумро мебинад. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро онҳое, ки худашонро мусалмон медонанду даъвои мусалмонӣ ҳам доранд, аз ин қадар бо арзишҳои дини худ меҷанганд?
Магар ҳиҷоб ба давлатдории ин туда чӣ иртиботе дорад?
Бидуни шак ҳадаф аз ин кор барангехтани эҳсосоти динии мардум ва ба вуҷуд овардани нооромии дигаре дар кишвар мебошад. Тафаккуру андешаи ҳукумате, ки аз маҳдудаи ҳиҷобу пошнаи кафши зану риши марду ҷойгаҳи хобу робитаи ҷинсии мардум болотар нарафтааст, чигуна метавонад мушкили барқу ҷои кору муҳоҷирату ришваву зулмро дар ҷомеа ҳаллу фасл кунад?!