Saturday, November 15, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетНасрониҳо калисои худро ба мусалмонон фурӯхтанд

Насрониҳо калисои худро ба мусалмонон фурӯхтанд

Ба навиштаи Wall Street Journal.  ҷамъияти насрониҳои иёлоти Коннектикути ИМА дар ин авохир бидуни ибодатгоҳи худ хоҳанд монд. Калисои қадимаи онҳоро Созмони мусалмонони Бриҷпорт харидорӣ намудааст ва рӯзҳои наздик ин қарордод ба имзо хоҳад расид.

Насрониҳо ибодатгоҳашонро ба ивази 1 миллион доллар ба мусалмонони қаламрав хоҳанд фурӯхт. Гуфта мешавад, ин калисо қадима буда, соли 1920 сохтаву ба истифода дода шудааст. Ҷамъияти мусалмонон ният дорад, ки пас аз харидани ниёишгоҳи насронӣ онро ба талаботи ислом мувоҷиқ созад ва масҷидеро роҳандозӣ намояд.
Сара Смит, як рӯҳонизани насронӣ гуфтааст, ки вақте калисои мазкур сохта шуда буд, шумори алоқамандонаш зиёдтар аз 3 ҳазор нафар буданд. Вай бо таассуф илова намудааст, ки ҳоло сафи ниёишгарон коста, дар ҳудуди 300 нафар боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи хонум Сара Смит нигоҳубин ва пардохти шикасту рехти чунин як бинои калонҳаҷм барои мардуми эътиқотманди насронӣ гаронӣ мекунад ва онҳо ин “хонаи худо” ро ба савдои музояда кашидаанд ва фурӯхтаву бинои нави мӯъҷазе хоҳанд харид.
Ин рӯҳонизан таъкид намудааст, ки муносибату ҳамкории ҷомеаи мусалмон ва насронӣ бо хариди фурӯши калисо ба анҷом намерасад, балки дар оянда нақша доранд, дар ҳамҷоягӣ ба мардуми бенавои қаламрав ғизои гарму ҷои мувофиқ пешниҳод намоянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?