Дар мурдахонаҳои Ню Йорк беш аз 600 ҷасадро ҷамъ кардаанд. ки қутиҳои сарди мурдахона барои ин ҷасадҳо намерасанд.
Ҷасади тақрибан 650 нафаре, ки дар Ню Йорк фавтидаанд, ҳанӯз аз фасли баҳор дар мурдагоҳҳои сайёр дар соҳили Бруклин нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин бора Wall Street Journal хабар медиҳад.
Мурдахонаҳои муваққатӣ мошинҳои боркаш ҳастанд ва ҷасади бисёре аз фавтидагон дар он ҷо боқӣ мемонанд, ки хешовандонашон пайдо нашудааст ва ё маблағе барои баргузории маросими дафн надоранд. Коршиносони экспертизаи тиббии додгоҳҳо ҷустуҷӯи пайвандони марҳумро идома медиҳанд.
То ҳол пайдо кардани хешовандони 230 фавтида ғайриимкон аст, зеро ишора карда шуд, ки дар чунин ҳолатҳо фавтидагон аксар вақт аз оила ҷудо зиндагӣ мекарданд ё маълумот дар бораи хешовандон кӯҳна шуда ва ё нодуруст мебароянд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

