Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧаро мусалмонон сагҳоро дар хона нигоҳ намедоранд?

Чаро мусалмонон сагҳоро дар хона нигоҳ намедоранд?

Чаро мусалмонон сагҳоро дар хона нигоҳ намедоранд?  Оё пӯст ва оби даҳони саг барои инсон  ин қадар хатарнок аст? Дар ин бора ҳадисҳои боэътимоди Паёмбар (дуруди Ҳақ нисорашон бодо)  оварда шудаанд.

Ҳақиқат танҳо бо муқоиса маълум мешавад ва мо ҳоло имконе пеш меорем, то бо дарки худ муқоиса кунед. Аввал таваҷҷӯҳ кунед ба ҳадиси зерин. Ҳазрати паёмбар дуруд нисорашон бошад, гуфта буданд, ки Ҷабраил бар ман зоҳир шуданду гуфтанд: Дишаб ба ҳузурат омадам ва он чи барои вуруди ман ба хонаат халал расонид, ҳайкале дар назди даромадгоҳ буд, пардаҳо сурати ҷондор доштанд ва саге ҳам дар он ҷо буд. Пас бифармо, ки сари ҳайкалро бибуранд, то бар дарахт монанд шавад ва пардаҳои суратдорро канда болин бидӯзанд ва сагро аз он ҷо бадар кунанд”  ин ҳадис аз Аҳмад ва Абӯ Довуд нақл шудааст.  Боз ҳадисе ба ҳаин маъно вуҷуд дорад, ки аз Имом Бухорӣ нақл шудааст.  “Дар хонае, ки саг ва сурат бошанд, фариштаҳо намедароянд” Боз дар аҳодиси Имом Муслим ва имом Бухорӣ омадааст, ки нафароне, ки дар хона саг доранд, подоши корҳои хайрашон ду карат кам карда мешавад, агар саг барои шикор, ё назорати чорво набошад. 

Муслим ва Ан Насоӣ нақл мекунанд, ки ҳазрати Паёмбар дуруд бар равонашон дар бораи нопокии даҳони саг чунин фармуда буданд, ки агар саге бар зарфи хӯрокатон даҳон расонад, аввал таоми он зарфро партоед ва ҳафт маротиба бо об шуста  шавад.  Инчунин Абӯ Ҳурайра, Аҳмад, Ан Насоӣ, Муслим, Бухорӣ ва Ибни Моҷа нақл карданд, ки Паёмбар дуруд бар равонашон фармуданд:” Зарфе, ки саг даҳон расонида бошад, ҳафт маротиба шуста шавад ва маротибаи аввалаш бо хок пок карда шавад” 

Аммо ҳадисе дигар дар бораи хубӣ кардан , ё аниқтараш раҳм кардан бар саг низ вуҷуд дорад. Паёмбари киром фармуданд:” Марде дар биёбон мерафту аз ғояти ташнагӣ месӯхт ва чоҳеро дида вориди он шуду то серӣ об нӯшид. Чун аз чоҳ баромад, сагеро дид, ки аз ташнагӣ забонашро бар замин расонидааст, то нами заминро баҳра барад. Ин мард боз ба чоҳ фаромаду кафшашро бо об пур карда ба дандонаш газида, боз аз чоҳ баромад ва он сагро аз об сер кард. Барои ин хайраш Худованд гуноҳонашро бахшид” Ин ҳадис аз Абӯ Довуд ва Муслим нақл шудааст. Ҳадисе ҳам вуҷуд дорад, ки саги сиёҳ сурати шайтон аст. 

Профессори донишгоҳи вирусология ва бактериологияи Лондон Ҷон Оксфорд   дар бораи то чи ҳад зарарнок будани тану даҳони сагҳо чунин мегӯяд. Натиҷаи тадқиқоти ин олим дар пайи омӯзиши бемории як зан аз Ню Йорк чунин буд, ки то рафт нутқи гуфтугӯи ин зан нофаҳмою калимаҳояш бо ҳам пайваста мешуданд ва ташхиси хуни ӯ нишон дод, ки дар таркибаш олудашавӣ аз микробҳои оби даҳони саг мушоҳида шудааст. Ин бактерия каниморзус ном дошта одатан дар даҳони сагу гурбаҳо мешудааст. Илова бар ин айнан ҳамин ҳолатро дар 13 нафари дигар беморон мушоҳида мекунанд. Боз аз навозиши наздику бӯсидани тани сагҳо дар ҳоли сахт дӯстдорӣ, пӯсти одам дамишҳоеро бо номи лишай ва МРЗС пайдо мекунад. Ҳатто агар саг ягон аъзои тани одамро лесад ҳам, то доғҳои безеби пӯст пайдо шудан зарарҳо дорад. 

Бемории парадонтид, ки дар милки дандонҳо пайдо мешавад, низ дар натиҷаи олудан аз бактерияи оби даҳони саг  ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳол милкҳо хуншор шуда бӯйи хеле бади даҳон бараъло маълум мегардад. парадонтид то бемории гурда,дил ва диабед оварда мерасонад. Микробу бактерияҳои таксакара, салманера, лямблия, анкелостамос ва ғайра маҳз аз оби даҳони сагҳо ба организми инсон ворид мешавад. 

Соима Саидӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular