Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМо ҳама Ҷамшед Ёров мебошем…

Мо ҳама Ҷамшед Ёров мебошем…

Боздошти Ҷамшед Ёров нақшае буд, ки онро ҳукумат аз рӯзи аввали ба ҳимоят оғоз кардани Ҷамшед Ёров аз Муҳаммадалӣ Ҳаит, дар назар дошту мехост бо андактарин баҳонае ин ҷавони ғаюр ва бономуси миллатро аз озодӣ маҳрум кунад.


Ҳукумат аз боздошти Ҷамшед Ёров се чиз мехоҳад:
1: Қасос гирифтани аз ин адвокат ба хотири пуштибониаш аз боздоштшудаҳои ҲНИТ.
1: Бо аз озодӣ маҳрум кардани ин адвокати ҳақгу, ғаюр ва ватанпараст тарсро дар дили дигар ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷой диҳанд, то ҳама кор тибқи хостаи онҳо амалӣ шавад.
3: Коштани адоват ва душманӣ байни адвокатҳо ва зиндониёни ҲНИТ ва умуман ҲНИТ, ки ин ҳадаф ва нақшаи асосии ҳукумат аз ин боздошт аст. Иншоаллоҳ боварӣ дорам, ки муваффақ нахоҳанд шуд.


Хуб, барои пуштибонӣ аз Ҷамшед Ёров намехоҳам инҷо зиёд нависам, зеро қаҳрамонии Ӯ ба ҳама маълум аст. Аммо бояд дастандаркорони ин амали нанговар бояд бидонанд, ки Ҷамшедҳо дигар рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Аз ҳуқуқи ин миллати мазлум дифоъ мекунанд ва ин миллат аз сархамӣ наҷот меёбад. Зеро ин миллат сарбаланд буд ва мемонад. Ҳар кас, ки барои нобудии ин миллат сархамии ин миллат, сарсонии миллат кӯшиш карда истодааст, бидонад, ки ба мақсади худ нахоҳад расид.

Ҷаннатуллоҳи Комил

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика