Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти байналмилалиро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти байналмилалиро баррасӣ карданд

Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти байналмилалӣ аз ҷониби муовинони вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Шоиста Саидмуродзода ва Даврон Деҳконов баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои  хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷонибҳо дар бораи кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ, инчунин иловаҳо ба созишнома дар бораи соддагардонии нақлиёти автомобилӣ гуфтугӯ карданд.

 Ғайр аз ин, дар гуфтушунид масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиро дар бахши нақлиёт муҳокима карданд.

Гуфтанист, санаи 1 октябр ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуда буд. Ҷонибҳо дар бораи содда кардани шароити интиқоли мол аз марзи гумрукӣ сӯҳбат карда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular