Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Қирғизистон мораторияи тафтиши соҳибкоронро то соли 2022 тамдид карданд

Дар Қирғизистон мораторияи тафтиши соҳибкоронро то соли 2022 тамдид карданд

Ҳукумати Қирғизистон 4-уми декабр иттилоъ дод, ки муҳлати мораторияи санҷиши фаъолияти соҳибкоронро то 1-уми январи соли 2022 дароз кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, иҷрокунандаи вазифаҳои нахуствазир ва муовини аввали нахуствазир Артем Новиков дар ин бора санадеро ба имзо расондааст.

Манбаъ гуфтааст, ҳадафи қарор ҳавасмандгардонии соҳибкорон дар шароити пандемияи коронавирус аст. Мораторияи ҳозира аз 1-уми январи соли 2019 то 1-уми январи соли 2021 муайян шуда буд.

Мораторияе, ки соли 2019 дар Қирғизистон эълом шуд, ба санҷиши соҳибкорон аз тарафи

  • Бунёди иҷтимоӣ,
  • Оҷонси давлатии зиддиинҳисорӣ,
  • Оҷонси давлатии танзими комплекси сӯзишворию энергетикӣ,
  • Оҷонси давлатии танзим ва назорати бозори молӣ,
  • Нозироти давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарӣ,
  • Нозироти давлатии бехатарии зистмуҳитӣ ва техникӣ,
  • Департаменти филизҳои қиматбаҳои назди Вазорати молия,
  • Департаменти таъминоти доруворӣ ва техникаҳои тиббии назди Вазорати тандурустӣ,
  • Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ,
  • Раёсати танзим ва назорати истеҳсолу гардиши маҳсулоти спиртии назди Вазорати кишоварзии Қирғизистон дахл дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular