Thursday, April 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСобиқ ноиби раиси ФМС пешниҳоди иҷозаи вуруди муҳоҷиронро шарҳ дод

Собиқ ноиби раиси ФМС пешниҳоди иҷозаи вуруди муҳоҷиронро шарҳ дод

Вячеслав Поставнин, собиқ ноиби раиси Хадамоти федералии муҳоҷират, “ФМС”-и Русия пешниҳоди Палатаи савдо ва саноат барои иҷозати вуруди муҳоҷирон ба кишварро шарҳ дод.

Поставнин зикр кард, ки дар пайи пандемия бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ қаламрави Русияро тарк карданд ва иқтисодиёти кишвар дучори мушкил гардид.

Поставнин зимни сӯҳбаташ бо хабаргузории Sputnik Тоҷикистон гуфта, ки барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия набояд мушкил эҷод карда шавад.

Поставнин бо таъкид гуфтааст, ки “Мешавад ташхисҳои фавриро ташкил кард, ки натиҷаҳо зуд маълум мешаванд. Яъне зарурат ба риояи қарантинаи тӯлонӣ намемонад”.

Ба гуфти Вячеслав Поставнин  бояд низоми ҷудо кардани муҳоҷирони баландихтисос аз миёни муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ мушаххас карда шавад.

“Имрӯзҳо ин калонтарин мушкилот дар сиёсати умури муҳоҷирати Русия мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия, Сергей Катирин аз сарвазир Михаил Мишустин хостааст, барои вуруди муҳоҷирони меҳнатии баландихтисос ва оилаҳои онҳо иҷозат дода шавад.

Катирин дар номаи худ норасоии нерӯи корӣ дар бахши сохтмонро алоҳида қайд кардааст. Барои танзими масъала, роҳбари Палатаи савдо ва саноат пешниҳод намудааст, ки бо қарори алоҳидаи ҳукумат тартиби вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бо шарти назорати ширкатҳо ва меъёрҳои амнияти санитарию эпидемиологӣ танзим карда шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular