Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоИстеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 16 дарсад афзоиш ёфт

Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 16 дарсад афзоиш ёфт

Бо истифода додани маркази гармидиҳии “Душанбе-2” истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 16 дарсад бештар шуда, лимити барқ ба аҳолӣ ҳам камтар шудааст.

Маркази гармидиҳии “Душанбе-2”, ки дирӯз бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, 300 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Ин марказ аз тарафи ширкати чинии ТВЕА бо харҷи 349 миллион доллар сохта шудааст, ки дар назар аст на танҳо хонаҳои сокинони пойтахтро гарм кунад, балки мушкили таъмини аҳолӣ ба барқро ҳам осонтар кунад.

Аз 349 миллионе, ки барои бунёди ин марказ масраф шудааст, Тоҷикистон танҳо 17 миллион саҳм дошта, дар ивази масраф ва сохтмони он ду кони тиллоро дар ихтиёри ин ширкати чинӣ гузоштааст. Иқтидори истеҳсолии маркази гармидиҳӣ шабонарӯзӣ 9,6 миллион соат нерӯи барқ ва 235 гигакалория гармӣ гуфта мешавад, ки нерӯи барқи истеҳсолшуда дар ин марказ метавонад то 60 дарсади талаботи Душанбе ба барқро таъмин созад.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика