Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИхроҷи 440 нафар аз рӯйхати замингирҳо дар Суғд

Ихроҷи 440 нафар аз рӯйхати замингирҳо дар Суғд

Мақомоти додситонии вилояти Суғд 440 нафарро, ки эҳтиёҷ ба  замини наздиҳавлигӣ надоштанду аммо дар асоси қарорҳои махсус ба онҳо замин ҷудо шудааст аз рӯйхати эҳтиёҷмандон берун кардаанд. Ба ин гурӯҳ ғайриқонунӣ комиссияи ҷамъиятии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Айнӣ ва Ашт ҳамчун ниёзманд замин ҷудо кардааст, ки дар пайи эътирозҳои прокурорӣ қарорҳои комиссия бекор карда шуд.

Масъули прокуратураи вилояти Суғд дар умури ҳамкорӣ бо матбуот Пайрав Мириноят ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки ин қонунвайронкуниҳо дар пайи санҷиши як соли қабл ва 9 моҳи соли ҷорӣ ошкор шуда, нисбати шахсони масъул ҷораҳои қонунӣ андешида шудааст.  

Гуфта мешавад, ки дар баъзе маҳалҳо Комиссияҳои ҷамъиятӣ вазъи оилавии муроҷиаткунандагонро ҳамаҷониба наомӯхта, бархе аз онҳоро беасос эҳтиёҷманд эътироф карда, бархе дигарро, ки барои гирифтани қитъаи замин воқеан ҳуқуқ доштанд, ғайриэҳтиёҷманд ҳисобидаанд.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular