8 уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки гуфта мешавад, дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА ба амал омадааст.
Тоҷикистонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар намояндагӣ мекард. Таъкид мегардад,ки Аслов дар ҷараёни баррасиҳо пешниҳод намудааст, ки аз ин баъд афроди ҷинояткор дар ҷаласаҳои САҲА иштирок накунанд ва ширкати онҳо шадидан маҳкум шавад.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ҳамбурги Олмон таҳти унвони “Роҷеъ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти САҲА дар сохтори амнияти умумиаврупоӣ” изҳоротеро пазируфтаанд, ки гуфта мешавад, “ба санади мазкур бо пешниҳоди Тоҷикистон банди вежа роҷеъ ба маҳкум кардани иштироки ашхос ва гуруҳҳои ҷинояткор дар ҳамоишҳои САҲА ворид карда шуд. Дар изҳороти муштарак инчунин зарурати банақшагирии фаъолияти дафтарҳои саҳроии САҲА танҳо бо дарназардошти талабот, дархост ва авлавиятҳои кишварҳои мизбон инъикос карда шуд”.
Пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ҳоле садо додааст, ки дар ҷаласаи солонаи САҲА дар авохири моҳи сентябри соли ҷорӣ як гурӯҳ аз намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумати Раҳмон иштирок варзиданд ва ба нишони эътироз аз таъқибу шиканҷаи аъзои мухолифин дар дохили Тоҷикистон садо баланд намуданд. Ҳайъати Тоҷикистон,бо раҳбарии омбутсмени тоҷик Зариф Ализода 23 юми сентябри соли равон эътирозомез ҷаласаро тарк карданд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз эътирози намояндагони аҳзобу созмонҳои дигарандеш дар ҷаласаи солонаи САҲА нороҳат гашта, тар торномаи ин созмон навишта буд: “Ҳадафи онҳо бадном кардани ҳукумати Тоҷикистон ва худро ҷабрдида нишон додан аст. Ба ҳамин минвол мехоҳанд аз пуштибонии сиёсӣ бархӯрдор шаванду ҳаққи иқомати доимӣ дар Аврупо бигиранд. Агар барои ҷинояткорон ин роҳи гурез аз ҷавобгарӣ аст, барои бархеи дигар роҳи осони ба Аврупо рафтан мебошад”.
Аммо коршиносони умури сиёсӣ мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар нав мехоҳад айбҳои худро дар маҳдуд сохтани озодии баён ва фаъолияти созмонҳои мухолифи сиёсати худкомаи Раҳмон хаспӯш намояд ва ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошида, дигарандешонро ба ҷинояткору террорист баробар созад. Онҳо бо нигарониҳо таъкид мекунанд, ки ҳуқуқи инсон дар чанд соли охир дар Тоҷикистон ба таври гӯшношунид поймол мегардад ва ҳар нафаре, ки аз сиёсати якҷонибаву худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намекунад, боздошт ва мавриди шиканҷаҳо қарор мегирад. Онҳо даҳҳо тан аз озодандешонро мисол меоранд, ки имрӯз паси панҷараи зиндон мешинанд ва беҷурм ҷабр мекашанд. Ҳатто аъзои хонаводаи онҳо мавриди таъқиб қарор гирифта, таҳти фишори равонӣ умр ба сар мебаранд.