Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоРанг бину ҳол пурс: Тарс аз сояи Раҳмон (ВИДЕО)

Ранг бину ҳол пурс: Тарс аз сояи Раҳмон (ВИДЕО)

Ҳоло дар Душанбе масъалаи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти Тоҷикистон матраҳ мешавад ва коршиносони масоили сиёсӣ, ки бори охир шояд соли 2013 фикрашонро озодона баён кардаанд, ин имконро надоранд.

Нуралӣ Давлат ва Меҳмоншо Шарифзода ду коршиноси то соли 2013 то ҳадде мустақил назарашонро ба Радиои “Озодӣ”, бахши тоҷикии Радиои Конгресси ИМА баён карданд. Аз сабти видеоии ин саҳна маълум аст, ки коршиносони замоне мустақил то кадом андоза бо тарсу ҳарос сухан мегӯянд ва ҳар ҳарфашонро сад бор обдодаву хоида берун мекунанд.

Нуралӣ Давлат, ки мақолаҳояш дар Азиа Плюс нашр мешаванд, хеле нафари пурхонда аст, аммо дар ин навор бештар ба пурсуҷӯшаванда дар кабинети муфаттиш монанд аст, то ба коршиноси масоили сиёсӣ. Куҷо расад ба як шаҳрванди мустақилу озодбаёну озодандеш.

Ҳамқисмати ӯ   ҷомеашинос Меҳмоншо Шарифзода низ аз тарс жожу мож мехояд, ки гӯё мехоҳад Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз буҳрон раҳо кунад.  Дар асл ин ду коршинос, ноилоҷ ба Радиои Озодӣ рафтаанд, чун дигар ҷое барои рафтан надоранд. Дар Тоҷикистон андеша дигар ба касе лозим нест. Ва ин радио моли Конгресси ИМА танҳо ба ном аст, дар асл он аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон бо истифода аз фишор ва ултиматум, баъди аз кор рондани журналистони касбӣ ва пур кардани сафи кормандонаш бо кадрҳои амниятӣ, пурра ба дастгоҳи таблиғотии режими Раҳмон табдил дода шудааст.

Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон нафароне мисли Меҳмоншо Шарифзода, ки кадри сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ аст, ва ё нафаре мисли Нуралӣ Давлат, ки таърихи ба сари қудрат омадани Раҳмонро медонад ва рӯз ба рӯз архив кардааст,  дар бораи паёми Президент ба парламенти Тоҷикистон ва нерӯи наҷотбахши ӯ ҳарф мезананд.

Дар ҳақиқат аз Нуралӣ Давлат касе беҳтар намедонад, ки Эмомалӣ Раҳмон, тибқи Конститутсияи Тоҷикистон Президенти ин кишвар нест. Эмомалӣ Раҳмон хилофи қонун бештар аз ду маротиба, бо иваз кардани Конститутсия худро президенти Тоҷикистон хондааст ва ин то соли 2012 мавзӯи латифаҳои сиёсии маҳфили журналистон буд. Буҳрони асосии Тоҷикистон Раҳмон ва оилаи ӯст, ки тамоми мамлакатро ба моли худ табдил дода, халқро чун ғуломи аз бобояшон ба мерос гирифта истисмор мекунанд. Дар асл ин режим дигар тавони мубориза бо буҳронро надорад. Хондам, нафаре гуфтааст, ки ҳукумати Раҳмон бо мурдаҳо меҷангад ва ба вайрон кардани қабри падари Умаралӣ Қувватов, мухолифи Раҳмон ишора кардааст. Рост мегӯяд, нафаре, ки аз ноилоҷӣ ба пастие мисли вайрон кардани қабри куҳна (соли 1977) даст мезанад, магар маънии мубориза бо буҳронро дар асри 21 дарк мекунад? Ҳаргиз не!    

Хулоса, коршиносони замоне мустақили тоҷикро дида, имрӯз раҳми кас меояд. Метавонед ин наворро тамошо кунед. Ин навор, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ ҳаст, беҳтарин факти таърихӣ аст, ки вазъи равонии журналистон ва коршиносони тоҷикро дар авҷи аҳди режими диктатурии Раҳмон ва албатта пеш аз ҳама ҳоли зори матбуот ва гуногунандеширо дар кишвари мо бозгӯ ва фош мекунад.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика